Баъди шаби аввал арӯси 13-сола вафот кард

Баъди шаби аввал арӯси 13-сола вафот кард

Духтари 13-сола пас аз шаби арӯсӣ даргузашт. Пӯшида нест, ки дар баъзе кишварҳо духтарон хеле барвақт ба шавҳар дода мешаванд, аз ин рӯ чунин оқибатҳои бад рӯх медиҳанд…

Истиқоматкунандаи Яманӣ бо номи Асс Илҳом ал Маҳдӣ, ки ҳамагӣ 13 сол дошт, бо марди калонсоле издивоҷ кард. Пас аз аввалин шаби арӯсӣ, хешовандон духтари урёнро дар ҳолати беҳушӣ ёфтанд. Дар байни пойи духтари бечора якчанд яраҳои вазнин дарёфт карданд, ки шикофҳои сершумори узвҳои таносул доранд. Шавҳари навтаъсисшуда бошад, пас аз шаби аввали арӯсӣ субҳи барвақт боз ба ҷои кораш равона шуд, ва ҳатто аз вазъи вазнини зани ҷавонаш пурсон ҳам нашуд.

Духтарро фавран ба беморхона бурданд. Табибон 4 рӯз барои ҳаёти ӯ муборизаи ҷиддӣ бурданд, аммо мутаассифона, духтар вафот кард.

Аз ин рӯ, шумораи зиёди одамон дар саросари ҷаҳон бар зидди издивоҷи бармаҳал, ки дар баъзе кишварҳо амал мекунанд, мубориза мебаранд.

Мо дар Telegram