Ба Тоҷикистон бе “ПЦР» ворид шудан мумкин аст

Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемологӣ, ёрии таъҷилии тиббии вазорати Тандурустӣ Навруз Ҷафоров дар мусоҳибо бо Азия-Плюс хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷие, ки эм карда шудаанд ҳангоми ба Тоҷикистон ташриф овардан, супоидани Реаксияи занҷири полимеоразӣ -“ПЦР” лозим намеояд.

“Шаҳрвандоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд пас аз пешниҳоди шаҳодатномаи эмгузаронӣ ба Тоҷикистон ворид шаванд. Аммо, агар як шаҳрванди хориҷӣ 2 ё 3 ҳафта пеш эм карда шуда бошад, пас ӯ бояд боз ҳам аз ташхис гузарад. Агар пас аз қабули ваксина як моҳ ё бештар аз он гузашта бошад, пас натиҷаи озмоиши Реаксияи занҷири полимеоразӣ талаб карда намешавад», — гуфт Ҷафоров.

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки аз бемории коронавирус ба пуррагӣ раҳо ёфт ва дар муддати қариб ду моҳ ҳолатҳои навӣ беморшавӣ ба қайд гирифта нашудаанд. Аз аввали пайдошавии коронавирус дар Тоҷикистон 13308 нафар бемор шуданд ва 90 нафар фавтиданд.

Ба Тоҷикистон бе “ПЦР" ворид шудан мумкин аст

Путин бо президенти Қирғизистон дар чи масъала гуфтугӯ кард?

Мо дар Telegram