Ба Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо ворид гардид

Дирӯз ба кишвар ҳудуди дусад ҳазор воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид шудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ин  баста дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон дода шудааст.

Гуфта мешавад, ин ваксинаҳо дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат тақсим карда мешаванд.

Бояд гуфт, бо ин вуҷуд, ки чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятëбӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо маъракаи моякӯбӣ бомаром ҷараëн дорад.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то охири моҳи март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, баробар ба 92,2 фисади аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 ваксина гирифта буданд.

Вазорати тандурустӣ ба таъкид ба нафароне, ки то имрӯз зидди бемории сироятии коронавирус ваксина нагирифтаанд, гуфтааст, ки ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Ваксина бар зидди коронавирус ба шаҳрвандони кишвар ройгон пешниҳод мешавад ва Ситоди ҷумҳуриявии марбут ба пешгирӣ ва мубориза бар бемории сироятии COVID-19 дар кишвар ҳанӯз моҳи июли соли гузашта бо тасвиби қароре гирифтани ваксинаро барои шаҳрвандони аз ҳаждаҳсола боло ҳатмӣ дониста буд.

 Дар Тоҷикистон алайҳи коронавирус шаҳрвандонро бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.

Ба Тоҷикистон бастаи нави ваксинаҳо ворид гардид

Вазорат: Беш аз навад дарсади аҳолии кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд

Мо дар Telegram