Ба семинар машварати илмӣ дар доираи ҶИК «Ориён» дар мавзӯи «Наврӯз иди миллии тоҷикон»

1639

Дар асоси фасли 4 банди 2-и Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2021 оид ба гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар барои ҷамъиятҳои илмии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17.03.2021 сол аз тарафи кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҶИК «Ориён» таҳти унвони «Наврӯз – иди миллии тоҷикон» семинар машварати илмӣ бо иштироки муовини сардор оид ба қисми низомӣ подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х., гузаронида шуд,ки мавсуф ба таърихи пайдоиши Наврӯзи Аҷам маълумоти мухтасар дод.

1640

Сипас аз рӯӣ барномаи семинар машварати илмӣ маърӯзаи устоди кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултет, лейтенанти калони милитсия Самадзода И.А., дар мавзӯи «Наврӯз: аз ойинҳои мардумӣ то ҷашни байналмиллалӣ» шунида шуда, бо курсантон саволу ҷавобҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа иштироккунандагон доир ба мавзӯи мазкур ғизои маънвӣ гирифтанд.

Баъдан курсантони бахши 1-ум, аъзоёни маҳфили «Ориён» Муминова Ш. дар мавзӯи «Аз таърихи пайдоиши Навруз» ва Абдуҷабборов М.дар мавзӯи «Навруз ибтидои офариниши олам» маърӯза намуданд. 

Инчунин аз тарафи курсантон шеърҳо дар васфи наврӯз қироат карда шуданд, ки бахши адабии маҳфилро ташкил дод.

16411642

Ниҳоят аз тарафи муовини сардори факултети №4 оид ба кисми низомӣ, подполковники милитсия Хушвахтзода Х.Х., ба тамоми иштирокчиён ва аъзоёни маҳфил бо суханҳои табрикотию сипосгузорӣ намуда, маҳфилро ҷамъбаст намуд.

Хокироев А.Ю.- cардори кафедраи

фанҳои ҷамъиятии факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.таърих, полковники милитсия.

Мо дар Telegram