Аз таъсиси нашрияи расмии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» 96 сол сипарӣ шуд

15.03.21.5Рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» 96-сола шуд. Нахустшумораи он 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» дар Душанбе ба табъ расида буд.

Он замон, чун миллат ба бедории сиёсӣ ва худшиносӣ ниёз дошт, шумораи дуюми он бо номи «Бедории тоҷик» аз чоп баромад. Дар марҳилаҳои баъдӣ рӯзнома ба «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва «Ҷумҳурият» тағйири ном кард.

«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи миллати тоҷик ва Тоҷикистон аст. Дар сафаҳоти он навиштаҳои бузургтарин шахсиятҳо нашр гардидааст. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ аз муаллифони нахустини ин рӯзнома буд. Дар солҳои сиюм маҳсули қалами Бобоҷон Ғафуров низ ба табъ расид. Шахсиятҳои маъруф чун Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва Муҳаммад Ғоиб, Камоли Абдураҳим сармуҳаррири ин нашрия буданд.

Аз оғоз то ба ҳол «Ҷумҳурият» дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат буд. Имрӯз «Ҷумҳурият» рӯзномаи бонуфузтарини ҷумҳурӣ аст. Имрӯз ҳам бо фарогирии масъалаҳои ҷиддии замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ягонагӣ ва Ваҳдати миллии халқамон, тарғиби ғояҳои баланд ва хушиноси миллӣ, тамоми бунёдкориву созандагиҳои мамлакат  саҳми боризу бузурги худро мегузорад.

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram