Аз тағйироти кадрӣ то роҳбандии панҷрӯза дар Суғд. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои панҷ қарор масъулини баландпояи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро ҷо ба ҷо кард

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар торномаи хадамоти матбуоти кишвардор нашр шудааст,Умарзода Улуғбек Хуҷа муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Президент бо як қарор Файзуллозода Нусратулло Қудратуллоро аз вазифаи сардори хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод гардида бо қарори дигар муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

Ҳамчунин Каримзода Абдураҳмон Раҳим муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раисиҷумҳур, Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодуллоро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.

Шаҳбол Мирзоев, ки дар артиш маъюб шуда буд даргузашт

Шаҳбол Мирзоев, як сарбози тоҷик, ки ба сабаби бадрафторӣ нисбаташ дар артиш бемори бистарӣ шуд, шаби 1-уми феврал даргузаштааст. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи Шаҳбол дар додгоҳҳо саҳм доштааст, имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбол дар шифохонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Сабаби марги сарбози собиқ ҳоло маълум нест, вале ҳафтаи гузашта хабар расид, ки Шаҳбол Мирзоевро бо аломатҳои бемории “илтиҳоби шуш” ба бемористон бурдаанд.

Зайтуна Мирзоева, модари Шаҳбол Мирзоев рӯзи 1-уми феврал дар суҳбати видеоӣ гуфт: “Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта баъди қайкунии зиёд, дарунравӣ ва камхунияш аз клиникаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд. Панҷ рӯз дар шӯъбаи эҳё қарор дошт.”

Шаҳбол, сокини ноҳияи Ашт, ки имсол 27- сола шуд, моҳи марти соли 2014 баъди бадрафтории як ҳамхидматаш бемори бистарӣ шуд ва роҳ рафта наметавонист. Табибон гуфтанд, ки муҳра ва ҳароммағзи Шаҳбол дар натиҷаи зарбаи сахт осеб дидааст.

Сабти “код”-и телефонҳо дар Тоҷикистон идома мекунад

Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, барои сабти ҳатмии IMEI-и телефонҳои мобилӣ бахше аз корҳоро анҷом додаанд, вале аз ҷузъиёти он худдорӣ мекунад.

Ӯ рӯзи 1-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли гузашта масъалаи ҷалби сармояро ҳал намуда, барои кор дар ин самт як ширкати хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Атоев аз гуфтани номи ширкате, ки дар сабти ҳатмии IMEI-и телефонҳои мобилӣ хидматрасонӣ мекунад, худдорӣ кард: “ Ҳамкориро бо як ширкати хусусӣ ба роҳ мондем, вақту соаташ омад мефаҳмед”. Муовини раиси Хадамоти алоқа таъкид намуд, ки корҳои ҳамоҳангӣ анҷом ёфта, дар татбиқи ин тасмим таҷрибаи дигар кишварҳо ба назар гирифта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон қарори сабти рақами IMEI-и ҳама гуна телефонҳои мобилӣ, планшет ва ноутбукҳоро моҳи марти соли 2020 содир карда буд.

Муовини Бег Сабур: “Агар бигӯям, ки раис куҷост, шумо ба таври худ маънидод мекунед”

Муовини аввали раиси хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев, гуфт, ки агар дар куҷо будани раиси Хадамот Бег Сабуровро бигӯяд, рӯзноманигорон онро ба таври худ маънидод мекунанд.

«Агар ҳоло ман бигӯям, шумо ба таври худ маънидод мекунед, вале раиси хадамот – Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор дорад.  Ӯ як шахси боз аст ва агар шумо саволе доред, метавонед муроҷиат кунед ва он кас шуморо мепазирад”, – чунин посух дод Илҳом Атоев ба суол дар бораи ин ки чаро худи Бег Сабур дар нишасти матбуотӣ ширкат намекунад.

Мавзуъи ширкат накардани Бег сабур дар нишастҳои матбуотӣ  солҳои ахир яке аз суолҳои ҳамешагӣ дар нишастҳои матбуотии ин ниҳод аст. Ҳар замон масъулони Хадамоти алоқа далели ҳузур надоштани раисашонро ба ҳар мавзуъе марбут медонанд.

Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки деканро бо корд зада буд, расонаӣ кард

Пулиси Душанбе шахсияти донишҷӯеро, ки декани факултаашро бо корд зада буд, расонаӣ кард. Бино ба иттилои РВКД дар Душанбе ин нафар Давлятов Айниддин Нуриддинович, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Айниддин Давлятов, сокини ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ  донишҷӯйи соли дувуми Донишгоҳи технологиии Тоҷикистон, декани факултаи менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафарро барои нагузоштани баҳо ва ба донишгоҳ даъват кардани падараш рӯзи 28-уми январ, тахминан соати 16.30-и аср дар назди утоқи кораш бо корд задааст.

Айниддин Давлятов аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст, ба гуфтаи пулиси Душанбе “нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.

Ҳоло ин донишҷӯ дастгир шуда, алайҳи ӯ бо моддаи 32-қисми 3 – 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 солро пешбинӣ мекунад.

Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: БДА гуфт, ки ронандаҳо ба кадом роҳҳо раванд

Бино ба эълони БДА, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории меҳмонони олиқадр ва ҳайати ҳамрокунандаи онҳо аз пагоҳ ба вилояти Суғд дар назар дошта шудааст ва ба ин муносибат ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт давоми панҷ рӯзи оянда дар якчанд кӯча ва шоҳроҳҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад.

“Санаи 2 феврали соли ҷорӣ роҳи кӯчаҳои “Н. Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва Ленин”-и шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров – Хуҷанд”-и ноҳия Б. Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Гагарин ва Сирдарё ва маҳаллаи Чашма”-и шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, шаҳри Хуҷанд, ҷамоати деҳоти Д. Холматов, шаҳри Гулистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ маҳдуд карда мешаванд”,-гуфташудааст дар хабарнома.

Бино ба иттилоъи БДА инчунин санаи 3 феврал роҳи шаҳри “Гулистон, ҷамоати деҳоти Д. Холматов то бурриши Сомғор”-и ноҳияи Б. Ғафуров.

Санаи 4 феврал роҳи шаҳри “Гулистон, ҷ/д Д. Холматов то давраи Ором” и ноҳияи Б. Ғафуров, инчунин кӯчаҳои “Сирдарё, С. Умаров, Р. Ҷалил, И. Сомонӣ ва Р. Ҳоҷиев” и шаҳри Хуҷанд.

Санаи 5 феврал кӯчаҳои марказии шаҳри “Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров – Хуҷанд, кӯчаи ба номи С. Ӯрунхуҷаев” и ноҳияи Б. Ғафуров.

Санаи 6 феврал кӯчаҳои марказии шаҳри “Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаи С. Ӯрунхуҷаев” и ноҳияи Б. Ғафуров.

Санаи 7 феврал ҳаркати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри “Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров, кӯчаҳои Н. Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва Ленин” и шаҳри Бӯстон, муваққатан маҳдуд карда мешаванд.

Сообщение Аз тағйироти кадрӣ то роҳбандии панҷрӯза дар Суғд. Муҳимтарин хабарҳои рӯз появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram