Аввалин оҳангсози тоҷик, ки опера офарид

Аввалин оҳангсози тоҷик, ки опера офарид

Шарофиддин Сайфиддинов оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1974), Артисти халқии Тоҷикистон (1989) ба таърихи санъати мусиқии тоҷик бо асарҳои мавзӯяшон муҳимми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва лирикаи гражданӣ дохил гардид.

Омӯзишгоҳҳои мусиқии Ленинободу Душанбе, соли 1952 шуъбаи миллии Консерваторияи давлатии Москваро (синфи композитсия), дертар факултаи (назарияи оҳангсозӣ) ва соли 1962 Консерваторияи Тошканд ( синфи композитсия)-ро хатм намудааст. Фаъолияти худро дар санъати мусиқӣ ҳамчун скрипканавоз оғоз намудааст. Ҳанӯз дар давраи донишҷӯяш асари калонҳаҷми вокалӣ-симфонӣ кантатаи «Шукуфон бош, Тоҷикистон»-ро иншо намуда буд. Солҳои тӯлонӣ Раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. (1962-86).

Аввалин оҳангсози тоҷик, ки опера офарид. Ҳар се операаш: «Пӯлод ва Гулрӯ» (1957), «Рӯдакӣ (1976) ва «Айнӣ» (1978) дар Театри академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ таҳия шудаанд.

Мусиқишиноси шинохта Е.Андреева ба операи «Пӯлод ва Гулрӯ” баҳои баланд дода, дар маҷаллаи «Советская музыка» чунин навиштааст: «Опера аз ҳаводиси пуршиддати драммавӣ ва мазмуни таъсирбахшу дилчаспи мусиқӣ саршор аст. Мусиқии опера аз нигоҳи тарҳу хусусият хеле халқӣ мебошад».

Операҳои устод Шарофиддин Сайфиддинов якчанд хорҳо, дуэтҳо, ансамблҳо ва арияҳо доранд, ки кайҳо боз дар дили шунаванда нақши худро гузоштаанд. Барои мисол, хори «Ба Бухоро» аз операи «Рӯдакӣ» чунон мусиқии нишонрас дорад, ки мардумро ба бедорӣ, ғурури миллӣ даъват менамояд. Кас аз шунидани хори «Сарбозон», аз операи “Пӯлод ва Гулрӯ», арияи Айнӣ аз намоиши якуми операи «Айнӣ», чандин пораҳои мусиқии ин операҳо ба ваҷд меояд.

Суруди «Республикаи ман»-ро қариб тамоми солистони Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ — шодравон Аҳмад Бобоқулов, Адҳам Холиқов, Акбар Мирраҷабов, Рустам Дулоев ва дигарон дар фонди тиллоии телевизион ва радио сабт намудаанд. Ба ин суруд мардуми мо чунон дилбастагӣ доранд, ки марду зан ва пиру барно аз ёд медонанд ва чун суруди миллӣ месароянд. Маҳз барои эҷоди ҳамин суруд Шарофиддин Сайфиддинов барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ гардид.

Шарофиддин Сайфиддинов ҳамчун оҳангсоз ба кинематография низ руй овардааст. Мусиқии офаридаи ӯ ба кинофилмҳои «Зумрад» (1962), «Хокистари сӯзон» (1967), «Чор нафар аз Чорсанг» (1972) ва ғайра бо зебогӣ ва дилфиребӣ тамошобинро мафтун месозад, зеро эҷодиёташ бо анъанаҳои мусиқии халқии тоҷик сахт алоқаманд аст. Барои хизматҳои шоён ва саҳми бузургаш дар ривоҷ ва равнақ ёфтани санъати касбии мусиқии тоҷик соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ (1970), бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён» мукофотонида шудааст.

Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар хонандагон метавонанд бо осори мусиқии Шарофиддин Сайфиддинов шинос шаванд.

Нигина Маҳмудова,
Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Мо дар Telegram