Аввалин медалҳои тоҷикон дар Ҷоми Харлампиев

Дар шаҳри Москва чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо бахшида ба асосгузори ин навъи варзиш Анатолий Харлампиев гузашта истодааст.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ду нафар паҳлавонони Тоҷикистон соҳиби медалҳои худ гардиданд.

Хушқадам Хусравов дар вазни 64 кг медали тиллоро ба даст овард. Чемпион дар рақобати ниҳои бар паҳлавони Узбекистон Хомидҷон Муминов даст боло шуд.
Паҳлавони дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров дар вазни 71 кг соҳиби медали биринҷи гардид.
Мусобиқа ҳануз ҳам идома дорад ва дар он 150 самбочиён аз 16 кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар мусобиқа боз 10 варзишгари дигар иштирок хоҳан кард. Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумаев, Ахтам Гусейнов, Алхатаби Фирдавс и Меҳрубони Абдулҳакаби.

Мо дар Telegram