Аввалин гуруҳи донишҷӯёни тоҷик баъд аз барқароршавии парвозҳо ба Русия мераванд

Аввалин гуруҳи донишҷӯёни тоҷик баъд аз барқароршавии парвозҳо ба Красноярск мераванд, хабар медиҳад роҳбари маркази профориентатсияи Донишгоҳи федералии Сибир дар Тоҷикистон Акмал Ҷумъаев.

Дар ин гурӯҳ 14 нафар донишҷӯёни курси аввали Донишгоҳи федералии Сибир мебошанд. 

Гуфта мешавад, ки парвоз тариқи хатсайри чартерии ширкати «Уралские авиалинии» сурат гирифта, 15 апрел анҷом меёбад. Нархи чиптаҳо бошад на зиёд аз 5500 сомонӣ дастрас шуданд ва қисми аз ин маблағ аз тарафи донишгоҳ ҷуброн мешавад.

Ҳамаи қоидаҳои пешгирӣ аз коронавирус ҳангоми сафар риоя карда мешаванд.

Аввалин гуруҳи донишҷӯёни тоҷик баъд аз барқароршавии парвозҳо ба Русия мераванд

Билети донишҷӯи бар ивази билети ҳарбӣ

Мо дар Telegram