Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар

1038

Сиёсати хориҷии ҳар як давлат дар рушду нумӯъ ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ авлавият дорад. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол низ яке аз сатҳҳои муҳими сиёсати давлатӣ ин сиёсати хориҷии он маҳсуб меёбад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон самти инкишоф ва роҳи муайяншудаи давлатро дар фаъолияти байналхалқӣ зоҳир мекунад, ки ин муносибатҳо бо давлатҳои дигар вобаста ба принсип ва манфиатҳои он ба воситаи шаклҳо ва методҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Сиёсати хориҷӣ ҷузъи таркибии сиёсати дохилии давлат ба ҳисоб меравад. Шаклҳои асосии сиёсат (дохилӣ ва хориҷӣ) ба якдигар махлут мебошанд ва ҳатто дар мавридҳои муайян онҷоро ҷудо намудан номумкин аст. Сиёсати хориҷӣ маҷмӯи мақсад ва воситаҳои фаъолияти давлат дар соҳаҳои муносибатҳои якҷояи он бо дигар давлатҳо, халқу миллатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ мебошад. Мақсади асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки бехатарии онро таъмин созад, шароити мусоиди сиёсати хориҷиро барои инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании мамлакат фароҳам оварад, ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода, онҳоро ҳифз намояд.
Самти сиёсати хориҷии ҷумҳурии мо дар марҳилаи кунунӣ дар Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
29-уми сентябри соли 1993 бори нахуст дар таърих, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҷаласаи 48-уми Маҷмааи Умумии СММ баромад кард. Тоҷикистон ба рушди муносибати дуҷониба бо дигар давлатҳо ва иштироки фаъол дар кори ташкилотҳои байналмилалӣ тадриҷан оғоз намуд. Дар солҳои муноқишаҳои сиёсӣ ва мусаллаҳона, Вазорати корҳои хориҷӣ дар раванди ҳалли мусолиматомези даргириҳо ва баргардонидани гурезаҳо ба макони зисти доимӣ фаъолона иштирок кард. Он замон қариб 70 ҳазор гурезаи тоҷик дар лагерҳо барои гурезагон дар қаламрави Афғонистон (Мазори Шариф, Шерхан Бандар, Қундуз, Тошқӯрғон, Толиқон) қарор доштанд. Аз оғози соли 1993 роҳбарияти ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кориро барои кор бо гурезаҳо равон мекард. Соли 1996 дар Толиқон Консулгарии Тоҷикистон кушода шуд, ки ба фароҳамоварии шароити зист ба гурезаҳои дар қаламрави Афғонистон қарордошта ва ба тадриҷ баргардонии онҳо ба ватан машғул буд. Дар натиҷаи ин саъю талош, дар давраи аз оғози соли 1993 то соли 1997 гурезаҳо аз Афғонистон ба ватан баргардонида шуданд.Намояндагони вазорат дар ташкил ва гузаронидани гуфтушунидҳои миёни тоҷикон иштирок карданд ва аз моҳи январи соли 1996 то анҷоми он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Назаров ҳайати ҳукуматиро дар гуфтушунид роҳбарӣ намуд. Раванди музокироти миёни тоҷикон, ки моҳи апрели соли 1994 дар шаҳри Москва оғоз гардид, 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Русия бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» хотима ёфт.Тавре дар боло зикр гардид, аз соли 1992 Тоҷикистон ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии худро дар хориҷи кишвар оғоз намуд. Соли 1993 сафоратҳои кишвар фаъолияти худро дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон оғоз намуданд. Дар замони Шуравӣ дар шаҳри Москва Намояндагии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС фаъолият мекард. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, муассисаи мазкур ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва табдил дода шуд ва соли 1993 ҳамчун Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия тағйири ном кард. 18-уми декабри соли 1993 бар асоси он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия таъсис дода шуд.Минбаъд сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар кишварҳое, ки ҷумҳурӣ бо онҳо ҳамкории мутақобилан судманд барқарор карда буд, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва дар назди созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ 40 сафорат ва намояндагиҳои доимии худро ифтитоҳ намудааст.Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шуд ва 2-юми марти соли 1992 ба ҳайати Созмони Милали Муттаҳид дохил гардид ва аъзои САҲА, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар солҳои ахир Тоҷикистон макони баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ гардид. Тобистони соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои «Форуми Шанхай» ва Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардиданд.Моҳи октябри соли 2007 бори нахуст дар пойтахти Тоҷикистон «ҳамоиши сеҷониба» баргузор шуд, ки дар он мақомоти баландпояи Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқот баргузор намуданд.
Моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе нишасти 8-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бомуваффақият гузаронида шуд. Ҷониби қабулкунанда шароити заруриро барои кор ва иқомати меҳмонони баландпоя ва ҳайатҳои ҳамроҳи онҳо фароҳам сохт. Дар чанд солҳои ахир, дар пойтахти ҷумҳурӣ, чандин конфронси байналмилалӣ бо иштироки намояндагони бисёр кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид, ки дар ҷараёни онҳо чунин масоили муҳими хусусияти ҷаҳонидошта, аз қабили истифодаи оқилонаи захираҳои об, пешгирии фалокатҳои экологӣ, офатҳои табии марбут ба об, мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир, вазъи Афғонистон ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар изҳорот дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум санаи 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, дарҷ гардидааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ баромад намуда, дар фаъолияти худ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои озод, рушди ҳамкорӣ миёни онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, ки дар назди инсоният истодаанд, талош меварзад». Дар шароити истиқлоли давлатӣ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеъ ва ваколати заруриро барои иҷрои фаъолияти сиёсати хориҷӣ гирифт. «Ҷаҳонишавӣ ва ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ, ки бар пояи манфиатҳои геосиёсии қудратҳо рақобату танишҳои шадидро дар пай доштанд, ҳамоҳангу ҳамнафасу ҳамсафар буд. ботавозун ва баробар дошта бошад, ки заминаи рушду пешрафт ва амну суботи кишвар маънидод мешавад» менависад, Эркинхон Раҳматуллозода. (1. Эркинхон Раҳматуллозода. Дипломатияи тоҷик таърихи чандҳазорсола дорад. Рӯзномаи Тоҷикистон,27.09.2019).
«Тоҷикистони навин ин аст, ки заминаи назариявии ин бахши муҳими ҳаёти давлатӣ на дар доираи коршиносон ва назарияпардозон, балки раҳораҳ, ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои пурталошу пӯёи дипломатии Сарвари давлати Тоҷикистон эҷод шудааст. Зафар Сайидзода сиёсати хориҷиро идомаи сиёсати дохилӣ медонад, ки ба кишварҳои дигар нигаронида шудааст. Сиёсати хориҷӣ, монанди сиёсати дохилӣ, бо низоми иқтисодии ҳоким, сохти ҷамъиятию сиёсии давлат робитаи маҳкам дорад ва ифодакунандаи он дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ таъмини шароити матлубу мусоиди ба ҳақиқат пайвастани манфиатҳои кишвар, таъмини амнияти миллӣ, осудаҳолии мардум, ҷилавгирӣ аз вазъиятҳои буҳронӣ мебошад. Фаъолияти давлатҳо дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ, дар маҷмӯъ, муносибатҳои байналмилалӣ, яъне маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва дигар робитаҳои байни кишварҳо, миллатҳо, созмонҳои сиёсию илмию фарҳангию мазҳабиро дар арсаи байналмилалӣ шакл медиҳанд». (2.Сиёсати хориҷӣ ва нақши Президент. 31.05.2016с. Манбаъи электронӣ-http://www.Kmt.tj,Санаи мурочиат 10.02.2021).
« Таҷрибаи роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ дар тӯли солҳои истиқлолият нишон дод, ки ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни олам ва қутбҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва касби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Идомаи ин сиёсат, ки муносибати неки Тоҷикистонро ба ҳама миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳон ва барқарории ҳамкориҳои мутақобилан судманди онро бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ ифода мекунад, дар марҳилаи ҳассоси сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳони имрӯз низ ба манфиатҳои олии давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст»-менавсад, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин (3. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мақолаи худ сиёсати ҷадиди хориҷии кишварро шарҳ дода, таваҷҷуҳи асосиро ба тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ равона сохтааст. Манбаъи электронӣ- http://www.sputik.tj. Санаи муроҷиат. 10.02.2021).
Санади муайнкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин
«Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми январи соли 2015 таҳти №332 тасдиқ шудааст. Консепсияи мазкур аз «ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI бармеояд. Консепсия таҳия ва роҳандозии чунин сиёсати хориҷиро пешбинӣ мекунад, ки он ба мутобиқ намудани рушди кишвар ба равандҳои тавсеаёбандаи ҳамгироӣ, минтақавишавӣ ва ҷаҳонишавӣ мусоидат намояд, имкониятҳои муносиби навро ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатарҳову чолишҳои имконпазир ба амнияти миллии он фароҳам оварад, заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар асоси воқеъбинӣ ва мутавозинӣ таъмин кунад» (4.«Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Манбаъи электронӣ- http://www.mfa.tj.Санаи муроҷиат,10.02.2021).
Дар қисми 2-и Консепсияи мазкур «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ» омадааст, ки таҳти таъсири бевоситаи раванди ҷаҳонишавӣ мушкилот ва таҳдиду чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба омилҳои нигаронкунандаи ҷомеаи инсонӣ табдил ёфтаанд. Ин таҳдиду чолишҳо чунин гурӯҳбандӣ мешаванд:
— рушди ноустувор ва нобаробари иқтисодӣ, шиддат ёфтани рақобат ҷиҳати дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва захираҳои стратегӣ, афзоиши бӯҳронҳои молиявиву иқтисодӣ;
— вусъати терроризми байналмилалӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ;
— густариши ифротгароии сиёсию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмиву нажодӣ, бархӯрди тамаддун ва тамоюлҳои идеологӣ;
— низоъҳои дохилидавлатӣ ва минтақавӣ, таассуб ва ҷудоихоҳии қавмиву нажодӣ, ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон;
— афзудани мушкилоти демографӣ, фақру нодорӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати оммавии идоранашаванда;
— камбудӣ ё норасоии захираҳои ҳаётан муҳими моддӣ, пеш аз ҳама обу ғизо;
— тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ ва беҳдоштию эпидемиологӣ.
Дар баробари хатару чолишҳои мазкур, ки ба амнияти низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи таркибии ин низом таҳдид мекунанд, ҳамчунин омилҳои минтақавии зерин вуҷуд доранд, ки барои манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатарҳо маҳсуб мешаванд:
— бино ба мавқеи ҷуғрофии худ, қарор гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари манфиатҳои геополитикии ҷаҳони муосир;
— наздикии Тоҷикистон ба минтақаҳои хушунатбор, манбаъҳои зуҳури терроризм, марказҳои таълими ифротгароӣ ва маҳалҳои тавлиди воситаҳои нашъадор;
— тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар минтақа;
— имкони истифодаи қаламрави кишвар барои қочоқи байналмилалии воситаҳои нашъадор ва интишори ғояҳои ифротгароӣ;
— ҳалношуда боқӣ мондани масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо миёни кишварҳои минтақа ва имкони барангехтани низоъҳо миёни қавму халқҳои минтақа;
— вуҷуди монеаҳои гуногун дар ҷодаи ҳамгироии муассири минтақавӣ, рафтуойи озоди одамон ва ҳамлу нақли бемамониати молу хизматрасонӣ;
— набудани ҳамкории воқеӣ дар истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикии минтақа;
— афзудани шиддати мушкилоти демографӣ ва экологӣ дар минтақа ва имкони истифодаи онҳо ҷиҳати барангехтани муқовимат дар ҷомеа.
Дар қисми 3-и Консепсияи мазкур мазмуни авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд:Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятҳои сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ муайян ва амалӣ менамояд. Хусусиятҳои геосиёсиву геоиқтисодии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза тақозо мекунанд, ки ин афзалиятҳо пайваста мавриди бозбинӣ қарор дода шаванд. Онҳо бо дарназардошти сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои алоҳида ё гурӯҳи давлатҳо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин бино ба ниёзҳои манфиатҳои милливу давлатӣ метавонанд тағйир пазиранд(5.Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манбаъи электронӣ- http:// www.mfa.tj.Санаи муроҷиат,10.02.2021).
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021 яке аз бахшҳои мухим ба сиёсати хориҷии кишар бахшида шуд, ки дорои аҳамияти хеле калон дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар Паём зикр намуданд:
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.
Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем.
Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо — Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Мо, ҳамчунин, мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст.
Зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад.
Мо муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома хоҳем дод.
Дар ин робита, мо ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем.
Соли ҷорӣ Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ — Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дорад.
Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бист сол сипарӣ мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодааст.
Тоҷикистон ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонист, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ низ саҳми назаррас гузорад.
Дар ин замина, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст.
Ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, тавре ки борҳо таъкид карда будам, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.
Пушида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад.
Аз ин лиҳоз, мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод.
Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад.
Идомаи муаррифии шоистаи нақшаҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Ба ин манзур, мо дар оянда низ фаъолияти байналмилалии худро мутобиқ ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳем дод» (6.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ —http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 10.02.2021).
Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бозгӯи амалигардонии Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дарҳои кушод дар сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб меёбад.
Воқан ҳам имрӯзҳо дар остонаи таҷлили иди муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо мизбони муҳимтарин ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Пойтахти Тоҷикистони азизамон шаҳри Душанбе аз рӯи пажуҳиши Маркази байналмилалии омӯзиши афкори омма Global Lawand Order 2020 ба номгӯи даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гардида, сокинони он худро дар амният эҳсос намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар эътимод доранд (7.Таджикистан попал в топ-10 наиболее безопасных стран мира. Манбаъи электронӣ- http://www.sputik.tj. Санаи муроҷиат. 10.02.2021). .
Ҳамаи ин талошҳо аз аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон дарак дода, боз ҳам обрӯ ва манзалати кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боло мебарад ва ифтихори баланди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ аст.

Асламов Б.С., ходими калони илмии Академияи ВКД, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Муҳаммад С.А., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, подполковники милитсия

Адабиёт:
1. Эркинхон Раҳматуллозода. Дипломатияи тоҷик таърихи чандҳазорсола дорад. Рӯзномаи Тоҷикистон,27.09.2019.
2. Сиёсати хориҷӣ ва нақши Президент. Китоби нави пажуҳишгари номии тоҷик Зафар Сайидзода бо номи “Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ” интишор ёфт. 31.05.2016с. Манбаъи электронӣ-http://www.Kmt.tj,Санаи мурочиат 10.02.2021.
3. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Манбаъи электронӣ- http:// www.mfa.tj.Санаи муроҷиат,10.02.2021.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ. Манбаъи электронӣ —http://www.president.tj.Санаи муроҷиат 10.02.2021.
5. Таджикистан попал в топ-10 наиболее безопасных стран мира. Манбаъи электронӣ- http://www.sputik.tj. Санаи муроҷиат. 10.02.2021. .

 

Мо дар Telegram