“Asian Express” хатсайрҳоро аз Тоҷикистон ба Русия тавассути автобус, барқарор мекунад

Зане, ки банкоматҳои “Душанбе сити”-ро бо санг зада шикаст, дастгир шуд

Зане, ки “бонкомат”- ҳои ширкати “Душанбе сити”–ро бо санг зада шикаста буд, дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ ин корро кардааст, вале аз“Душанбе сити” гуфтанд, дар он замон бонкоматаҳояшон пул дошт.

Дар наворе, ки як ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як зан бо нишони эътироз ду бонкомати “Душанбе сити”-ро бо санг мезанад. Шоҳидони ҳодиса мегуфтанд, ки ин зан бо нишони эътироз ба далели надоштани маблағ дар бонкомат онҳоро зада шикастааст.

– Сабаби даст ба ин кор задани ин зан маълум нест. Он замон дар ин банкоматҳо маблағ буд. Ин занро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт кардаанд, – гуфтанд аз “Душанбе сити”.

Дар ҳамин ҳол, аз РВКД шаҳри Душанбе аз ин зан Меҳрафрӯз Муминоваи 35-сола, сокини деҳаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Темурмалик ном мебирад ва мегӯяд, ки ӯ, “рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ аз сабаби надоштани маблағ асабонӣ шуда, ба воситаи санг ду адад дастгоҳи худкори бонкии (банкомат) ҶДММ «Душанбе сити»-ро дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур зада корношоям кардааст”.

Дар ҳаракатҳои номбурда, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дида мешавад, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тибқи талаботи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозим тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад,-гуфтанд аз РВКД шаҳри Душанбе.

Бо нишони эътироз бо санг зада корношоям кардани бонкоматҳои яке аз ташкилотҳои қарзӣ дар ҳолест, ки сокинони кишвар ба таври ҳамешагӣ аз набудавни маблағ дар бонкоматҳо шикоят мекунанд.

“Asian Express” бо автобус ба Русия мебарад, аммо на ҳамаро

Масъулини ширкати “Asian Express” тасмим доранд, ки шурӯъ аз 2 июни соли равон ҳаракати автобусҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор кунанд. Онҳо бо нашри як хабарнома дар саҳифаи расмиашон дар “Инстаграм” навиштаанд, ки “мусофирон метавонанд аз терминали байналмилалии шаҳри Душанбе (Автовокзали Душанбе) бо автобусҳои ин ширкат ба Маскав сафар намоянд”.

Дар эълон ҳамчунин, зикр шудааст, ки “дар ин баробар Шумо имкон доред, ки аз шаҳри Маскав бо ҳамин хатсайр ба Душанбе баргардед”.

Аммо тавре масъулони ширкат мегӯянд, дар ҳоли ҳозир на ҳама метавонанд аз ин масир ба Маскав бираванд. Зеро Русия то ҳол марзҳои заминиашро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз накардааст. Аз ин рӯ, ҳоло танҳо онҳое метавонанд аз ин автобусҳо истифода кунанд, ки ҳаққи сафар ва ё вуруд ба Русияро тариқи роҳҳои заминӣ доранд.

Маълум гардид, ки тавассути автобусҳои “Asian Express” танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои лозим барои вуруд ба Русия ва ё шаҳрвандии ин кишварро дорандметавонанд то ба Маскав бираванд. Ҳамчунин нафароне, ки яке аз хешовандони наздикашон шаҳрвандии Русияро доранд ё хешовандони наздики бемор доранд, ки дар ин кишвар ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад ё онҳое ки дар Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон иштирок кардандаанд низ шомили ин гуруҳи мусофирон мешаванд. Ҳамчунин касоне, ки аз ҳаққи иқомат дар Русия (Вид на жительство ва РВП) бархӯрдоранд, метавонанд мусофири ин автобусҳо бошанд.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик бо фарзандашон дар Маскав

Сӯхтор дар шаҳри Истраи вилояти Маскав боис ба марги се узви як оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шудааст. Ҳодиса ҳафтаи гузашта рӯй дод.

Пайвандони фавтидагон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хонаи дуошёна оташ гирифтааст.

Дар натиҷаи он марди 38-сола бо ҳамсар ва духтари ҳафтсолааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳанӯз маълум нест, сабаби сӯхтор чист. Мақомоти тафтишотӣ қазияро таҳқиқ доранд.

Ҷасади онҳоро ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳашон, шаҳри Панҷакент, дафн кардаанд.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд. Ба ҳисоби миёна соле то ҳазор тобути муҳоҷиронро аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.

“Толибон” гуфтаанд, гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхонбандар-Панҷи Поён боз шудааст

Масъулони маҳаллии ҳукумати сарпарасти Толибон дар Кундуз ба расонаҳо гуфтаанд, ки марзи Шерхон Бандар миёни Афғонистону Тоҷикистон барои рафту омади молҳои тиҷоратӣ боз шудааст. Ин гузарҳои муҳими тиҷоративу тронзитӣ бар пайи як ду даргирӣ дар ҳафтаҳои гузашта дар марзи Афғонистону Тоҷикистон баста шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба боз шудани ин гузаргоҳ то кунун изҳори назар накардаанд. Ҳамчунин мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба таври расмӣ дар мавриди баста шудани ин гузаргоҳ то имрӯз ҳам изҳори назар накарда буданд.

Хабаргузории “Бохтар” бо такя ба мақомоти Толибон дар гумруки Кундуз навиштааст, ки марзи Шерхон Бандар пас аз 15 рӯз бо ба якдигарфаҳмӣ расидани намояндагони гумрукҳои Тоҷикистону Қундуз боз шудааст.

Толибон гуфтаанд, ки аз ин пас тоҷирони тоҷикистонӣ метавонанд бо дарёфти визои Афғонистон ба ин кишвар сафар кунанд ва доду гирифти тиҷоратӣ ва тронзитӣ анҷом бидиҳанд.

Толибон дар мавриди ин ки оё тоҷирони Афғонистон ҳам метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд чизе нагуфтаанд.

Мақомҳои маҳаллии ин гурӯҳ дар ҳоле аз боз шудани марзи Шерхон Бандар хабар медиҳанд, ки гузоришҳое аз даргириҳо миёни ин гурӯҳ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вулусволии Имом Соҳиби вилояти Кундуз нашр шуда буд. Ба навиштаи “Афғонистон интернейшнл” охирин даргирӣ миёни Толибон ва марзбонони Тоҷикистон 15-уми май сурат гирифта буд, ки 4 соат давом кардааст.

Бар пайи ин даргирӣ даҳҳо мошини борбар ва даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар хоки Афғонистон банд монда буданд. Толибон ба онҳо иҷоза надода буданд, ки аз Шерхон Бандари Афғонистон тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён вориди Тоҷикистон шаванд.

Дар як шабонарӯз доллар дар Тоҷикистон 30 сомонӣ арзон шуд

Давоми рӯзҳои ахир доллар дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 65 сомонӣ ва тайи шабонарӯзи гузашта – 30 сомонӣ арзон шуд. Дар ҳамин ҳол, болоравии қурби рубли Русия идома дошта, ҳозир тибқи қурби расмӣ барои 1000 рубли Русия 172 сомонӣ маблағ гирифтан мумкин аст.

Шурӯъ аз нимаи моҳи май қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ ба таври устувор боло меравад.

Агар рӯзи 20 май қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррарнамуда барои 1 доллари ИМА 12,45 сомониро ташкил медод, пас имрӯз, 24 май қурби доллар поин рафта, 11,80 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари доллар қурби евро ҳам коҳиш меёбад: агар як ҳафта пеш 1 евро 13,13 сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир он бо 12,57 сомонӣ иваз мешавад.

Дар ҳамин ҳол, қурби рубл нисбати сомонӣ дар ҳоли болоравист. Агар як ҳафта пеш барои 1000 рубл 166 сомонӣ медоданд, пас имрӯз тибқи қурби расмӣ, он ба 172,5 сомонӣ иваз мешавад, ки боиси хурсандии муҳоҷирон аст, зеро онҳо дар Русия машғули кор буда, маблағро маҳз бо рубл ба хонаҳояшон мефиристанд, ҳарчанд дар ин ҷо бо сомонӣ дода мешавад.

Сообщение “Asian Express” хатсайрҳоро аз Тоҷикистон ба Русия тавассути автобус, барқарор мекунад появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram