Ашраф Ғанӣ ба Душанбе омад

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай барои иштирок дар конфронси “Қалби Осиё- Раванди Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овард.
Конфронси байналмилалии “Қалби Осиё- Раванди Истанбул” дар мавзӯи “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва тавсеа” санаи 30 март бо иштироки намояндагони дигар низ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шаҳри Душанбе мегузарад. 
Кори конфронс барои пайдо намудани роҳҳои ҳалли низоъи Афғонистон ва барқарор намудани иқтисоди он равона шудааст. Аъзоёни ин формат Озарбойҷон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Арабистони Саудӣ, Туркия, Туркманистон ва АМА мебошанд.

Мо дар Telegram