Ашъори Давлат Сафар насли имрӯзаро ба роҳи садоқат, хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ ҳидоят мекунад, — бардошт аз маҳфили «Ширу шакар»

10.03.21.19 март дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Ширу шакар» баргузор гардид, ки ба эҷодиёти шоир Давлат Сафар бахшида шуда буд.

Дар маҳфили шеъру суруд нависандагон, шоирон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дӯстдорони каломи бадеъ ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Ширкати сарояндагон, оҳангсозон, мусиқишиносон, устодони санъат ва чеҳраҳои нави саҳнаи ҳунар ба маҳфил шукӯҳи бештар бахшид.

Пеш аз оғози маҳфили шеъру суруд дар саҳни бинои мазкур намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Нашриёти «Адиб» баргузор гардида, иштирокчиёни маҳфил ба китобҳои тозаэҷод дастрасӣ пайдо намуданд.

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Камол Насрулло маҳфилро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ғояи асосии маҳфили мазкур- ин муаррифии эҷодиёти шоир Давлат Сафар, инчунин ҷамъ овардани дӯстдорони камоли бадеъ мебошад.

Ба гуфти мавсуф, баргузории ин маҳфили шеъру суруд дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ- тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистони азиз ва мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Бояд гуфт, ки маҳфили мазкур бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба баланд бардоштани завқу салиқаи мухлисони сершумор мусоидат мекунад.

Сипас Давлат Сафар бо ашъори тозаэҷод хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Зимни маҳфили эҷодӣ Давлат Сафар иброз дошт, ки «мо дар асри муборизаҳои иттилоотӣ зиндагӣ дорем ва баъзан кӯшишҳои манфӣ нишон додани симои Ватани мо мушоҳида мешаванд. Имрӯз мо дар муқобили муборизаҳои иттилоотӣ бояд устувор бошем ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳифз намоем. Яке аз рисолатҳои шоир ҳам ҳамин аст. Симои Тоҷикистони навинро бояд ҳарчи бештар ва чашмрастар инъикос намоем. Дастовардҳову муваффақиятро ба риштаи назм кашем ва муаррифӣ намоем. Ба ҷаҳониён бояд нишон дод, ки Тоҷикистони азиз чӣ гуна мавзеъҳои биҳиштосо дорад ва рӯз аз рӯз мешукуфад. Вақте мо ин қадар дастовардҳоро мебинем, чӣ гуна метавонем қаламро дар ҷайб гузошта, хомӯш нишинем? Модоме ки ҳастии мо Тоҷикистон ва неъматҳои бебаҳои он аст, бояд пайваста васфи онро кунем.

Аз биҳишт омад садое нимашаб дар хоби ноз,
«Зистан бе обу хоки Тоҷикистон мурдан аст».

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иброз дошт, «баргузории чунин маҳфилҳо- ин шаҳодат аз қадр намудани заҳматҳои шоирону нависандагон мебошад. Шоиру нависанда ва эҷодкор бо қалами худ тамоми зебоиҳоро тасвир намуда, баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа норасоиҳоро низ фош месозанд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «Давлат Сафар эҷодкори асилест, ки баҳри хонандаи худ тозатарин ва пурмаънотарин асар меофарад. Дар шеъри Давлат Сафар тамоми дастовардҳо ва анъанаҳои гузаштаву имрӯзаро дидан мумкин аст. Ӯ барои имрӯз ва фардои миллати хеш меофарад ва насли имрӯзаро ба роҳи садоқат, хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ ҳидоят мекунад».

Ёдовар мешавем, ки Давлат Сафар 8 марти соли 1971 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики ДДОТ-ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2012-2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», соли 2014 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ буда, ҳоло дар вазифаи директори Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб» фаъолият дорад. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума муваффақ аст. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд. Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002) ва ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2013) мебошад.

АМИТ «Ховар» 

 

Мо дар Telegram