Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 14% боло рафт. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи Роғун 53% афзуд

ШСХК “Барқи тоҷик” соли гузашта аз неругоҳи барқи обии Роғун 1 млрд 287 млн кВт\соат неруи барқ харид, хабар медиҳад ширкати энергетикӣ.

Ин нишондиҳанда 447 млн кВт\соат зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад, ки дар ин сол ба “Барқи тоҷик” 840 млн кВт\соат барқ интиқол дода шуда буд.

Барқи дар неругоҳи Роғун дар соли 2020 истеҳсолшуда ба 6,5% аз ҳаҷми умумии барқи дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшудаи кишвар (19 млрд 770 млн кВт\соат) баробар аст.

Барои муқоиса: соли гузашта “Барқи тоҷик” аз неругоҳи “Сангтӯда-1” – ҳудуди 2,2 млрд ва”Сангтӯда-2” – 831 млн кВт\соат барқ гирифта буд.

Қобили зикр аст, ки айни замон танҳо ду агрегати неругоҳи Роғун бо иқтидори паст (100-120 МВт) кор карда, иқтидори лоиҳавии ҳар кадоме аз онҳо ба 600 МВт баробар аст.

То 1 апрел хизматчиёни давлатӣ бояд аз даромади худ ҳисобот диҳанд

20 ҳазор хизматчии давлатии ҷумҳурӣ вазифадоранд, ки ҳар сол то аввали мохи апрел ба мақомоти андоз дар бораи даромади солона ва манбаъҳои асосии даромадашон ҳисобот диҳанд.

Ба ғайр аз амволи ғайриманқул ва мошинҳо, шахсони мансабдор бояд дар ҳисобот даромади фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ, даромад аз амвол ва замини ба иҷора дода шуда, инчунин даромад аз амонатҳо ва коғазҳои қиматнокро нишон диҳанд.

Дар ҳолати пешниҳоди маълумоти нодуруст дар декларатсия мансабдоронро метавонанд аз кор озод кунанд.

Фестивал-озмуни театрии “Парасту” имсол ба Ато Муҳамадҷонов бахшида мешавад

Дар кишвар моҳи май баргузории фестивал-озмуни театрҳои касбӣ “Парасту-2021” ба нақша гирифта шудааст. Он ба 80-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар.

Марҳилаи аввали фестивал дар шаҳру нохияхо ва марҳилаи дуюм нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе дар назар аст, ки дар чараёни он дӯстдорони театр метавонанд аз намоишҳои ройгон баҳравар шаванд. Фестивали қаблӣ ба 80-солагии Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шуда буд.

Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 14 % афзуд

Тӯли 10 рӯзи ахир дар Тоҷикистон нархи гази моеъ тақрибан 14 фоийз зиёд шуда, аз 4 сомонӣ ба чоруним сомонӣ барои ҳар як литри ин маводи сӯхт расидааст. Бо вуҷуди болоравии нарх, дар кишвар камбуди гази моеъ мушоҳида намешавад. Ҳудуди 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳамин маводи сӯхт истифода мебаранд.

Ҷаҳиши чашмраси нархи ин навъи сӯзишворӣ моҳи июли соли гузашта сабт шуда 65 дарсадро ташкил дод. Он замон арзиши гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 4 сомонӣ барои як литр боло рафта буд. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта беш аз 420 ҳазор тонна гази моеъ ба кишвар ворид шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар будааст. Воридоти ин навъи сӯзишворӣ асосан аз Қазоқистон ва тавассути 15 ширкат сурат мегирад.

Президент стипендияҳо дар Тоҷикистонро 30 фоиз зиёд кард

Президент имрӯз фармон  “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҶТ” ба имзо расонид, хабар медихад хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Тибки карор стипендияҳои донишҷӯён, магистрантон, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад. Ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Айни замон донишҷӯёни аълохони мактабҳои олии ҷумҳурӣ 239 сомонӣ, хубу аъло – 173 сомонӣ ва миёна  – 64 сомонӣ стипендия мегиранд.

Пардохти хизматрасониҳои электронии хориҷӣ дар Тоҷикистон дубора имконпазир шуд

Пардохти хизматрасониҳои хориҷӣ тариқи ҳамёнҳои мобилӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд. Бонкҳои Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки пардохти хизматрасониҳои хориҷӣ тариқи ҳамёнҳои мобилиро аз сар ба рох монанд. Он аз 16 январ дар баъзе бонкҳо дастнорас шуда буд.

Тағйироти мазкур дар асоси ислоҳот ба Кодекси андози ҷумҳурӣ ба амал омад. Мувофиқи ин тағйирот, шахсони хориҷие, ки мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба буҷети кишвар дар ҳаҷми 18% уҳдадор мешаванд. Лекин чӣ гуна сурат гирифтани ин ҷараёнро то хол Кумитаи андоз шарҳ надодааст. Кумитаи андоз танхо шарҳ дод, ки дар сурати транзаксия бонкҳо андозбандӣ намешаванд.

Сообщение Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон 14% боло рафт. Муҳимтарин хабарҳои рӯз появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram