Андешае пеш аз хоб

Андешае пеш аз хоб

Агар Азроил (а) имшаб барои гирифтани ҷони ман ояд, ман чи кор мекунам? Агар фурсати рафтани ман аз ин олам ин шаб бошад, баъд чи мешавад? Ногаҳон вафот кунам, чи мешавад?

Дар нақшаи бештари мардум марг нест, аммо ман ҳамеша маргро фикр мекунам. Нияти мурдан надорам, аммо дар ёди марг ҳастам. Хоҳем-нахоҳем марг меояд. Мо ҳамеша дар нақшаи марг ҳастем. Рузе марг, барои нақшаҳои кашидааш меояд ва нақшаҳои моро барбод хоҳад дод. Мо маргро фаромӯш кардаем. Агар ман ҷавон ҳам бошам, ягон кас фардоро ба ман кафолат намедиҳад. Дар қабристонхо «танҳо барои калонсолон» нанавиштааст! Кӯдаке, ки 10 рӯз пеш таввалуд шуда буд вафот мекунад, як ҷавони зебои 20-сола ба садама дучор шуда, вафот кард. Пирамарде, ки дар ҳисобаш 10млрд$ пул дошт, вафот кард… Ҳама мемирад, ҳама аз ин дунё меравад… Ҳеҷ чизе давом надорад, на қудрат, на саломатӣ… Қоматҳо ҳам мегарданд, боқувватхо заиф мешаванд…

Баъди машқ бармегаштам, ногоҳ дар кӯча бачаҳо ҳуҷум карданду бо корд ба шикамам заданд…
Дар хона нишаста, об менӯшидам. Ногоҳ об ба гулӯям зад ва баъд аз 10 дақиқа мурдам…
Як дӯстам, паёмак навист, хеле шод шудам. Чунон шод шудам, ки аз хурсандӣ дилам аз кор монд ва аз ин олам рафтам…
Дар хона китоб мехондам, ногоҳ хобгоҳ таркид ва ҳама мурд…

Хуллас, ман ҳамин шаб мурдам? Ҳамаи ёру дӯстон, баъди андаке фаромӯш мекунанд. Дар дили падару модарам доғи фарзанд мемонад. Волидайнам азоб мекашанд, дар дили худ чи орзую ниятҳоеро доштанд? Дар саҳифаҳои интернетӣ шояд, замоне касеро ранҷонда бошам? Шояд, мавзӯъҳои фаҳшу бад нашр карда бошам, баъди маргам гуноҳам давом мекунад? Ягон нақшаи бад кашида бошам, амалӣ шуд, баъди маргам боз гуноҳоям давом мекунад?… Ягон амали некам қабул нашуда бошад? Ягон хайрам қабул нашуда бошад? Шояд намозу Қуръонро хато хонда бошам? Шояд, ман тамоми ҳаёти хеш гумроҳ будам? Ҷаннат хеле калон буд, аммо барои ман ҷой набуд?Шояд, бештари мардум аз ман ранҷида буданду дар ҳакам дуои бад мекарданд? Баъди маргам, ягон нафар ба ғайр аз падару модарам дуою фотеҳа мехонад? Баъди 5-10 сол ягон нафар маро суроғ мекунад? Пулу мол, обруй ва шуҷоат барои ман кӯмак кард ё мекунад? Орзую ормонҳои зиёд доштам, аммо чӣ шуд? Ҳар хубие кардам ва фикр кардам,ки савоб аст, аммо Худо ба даргоҳаш қабул накарда буд, чи шуд?

Ҳама чиз ба итмом мерасад… Ман дар ин дунё як раҳгузаре ҳастам,ки рӯзе аз ин дунёи дурӯза меравам… Меравам сӯйи дунёи абадӣ…
Ҳамеша бо ёди марг бошед, зеро марг омаданист! Марг раҳм надорад. Марг ба пулу молат, ба синну солат нигоҳ намекунаду супориш ва амри касеро намепазирад.Марг меҳмоне аст, ки бехабар бар хона дохил мешаваду чисмро аз ҳаракат бозмедорад.Дар ин дунё танҳо бар марг кафолат хаст. Ин рӯзу шаб ғанимат аст.Одам низ ғанимат аст.Бояд ба қадри якдигар бирасем!…

Мо намедонем, кай марг меояд… Шояд, баъди соате, баъди ҳафтае ё моҳе (албатта, замоне меояд, кафолат ҳаст)… аммо ҳамин тавр зиндагӣ мекунем, ки гӯё аз ин олам намеравем. Гуноҳ мекунем. Ба пулу моли ин дунё дил мебандем… Якдигарро фиреб медиҳем, ё қалби касеро мешиканем. Якдигарро меранҷонем… Фикр намекунем, ки дар рӯзи қиёмат, чи хел азоб мекашему аз кори кардаи худ пушаймон мешавем… Агар ҳар кас, ҳар рӯз як маротиба дар ёди марг мебуд, ҳама нисбати якдигар меҳрубон буду олам гулистон… Дар ҳама ҷой дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ҳукмфармо буд. Ҳама аз пайи кофтани гуноҳ ва хатогии якдигар, на ислоҳи худ…

Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ!
Бародарони азиз! Марг ногаҳон меояд ва касе аз он хабар надорад. Бино бар ин намозро дар вақташ бихонем ва ба фардояш нагузорем. Касе то фардо кафолати зинда мондан надорад. Ҳатто намедонем, як лаҳза пас чӣ мешавад?

Замоне ҳатман марг меояд. Ҳар кас аз ин дунё меравад.Ин дунё абадӣ нест. Номи ҳар кас фаромӯш хоҳад шуд. Ҳар бою камбағал меравад. Ҳар курсӣ ва мансабе холӣ хоҳад шуд ва ҷойи онҳоро дигар кас мегирад… Албатта, он рӯз ҳатман меояд. Орзуҳои хушку холии мо нобуд мешаванд ва бадани мо зери хок мепӯсад. Аз ин дунё меравем! Танҳо бо амалҳои кардаи худ… Танҳо…

Дӯстони Азизам! Ин рӯзу шаб ғанимат аст. Одам низ ғанимат аст. Бояд, ба қадри якдигар расид! Аммо мо дар ин зиндагии дурӯза ба қадри якдигар намерасем, баъд аз марг гиря карда, менолем ва афсӯс мехӯрам, ки чаро ман фурсат наёфтам ва ё бепарвоӣ кардаем? Марг интизори ислоҳи ту намешавад. Барои ҳамин, дӯстон нисбати якдигар бомеҳру муҳаббат бошед ва якдигарро ҳурмату эҳтиром кунед! Ба якдигар кӯмак кунед! Гуноҳи якдигарро бахшед! Ҳамеша некхоху несзиришт бошед! Касе, ки омодаи мурдан аст ва аз омадани марг воқиф аст, кадри одаму оламро бештар медонад…
Парвардигоро! Оқибати корамонро бахайр ва ҳусни хотимаро ба мо насиб бигардон.

Дар паноҳи Аллоҳ бошед!

Муаллиф: Ҳабибаллоҳ Исмоилов

Мо дар Telegram