АМНИСТИЯ БАРОИ 120 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИК

АМНИСТИЯ БАРОИ 120 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Барои санҷиши худ ба ин саҳифа ворид шавед:

ПРОВЕРКА ЗАПРЕТА

Алексей Егоров, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 27 декабр дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигори ТАСС хабар дод, ки ба 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели ягон қонуншикании хурд аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум карда шуда буданд, дигарбора ҳаққи сафар ба Русия дода шуд.

Дар чорчӯби як қатор созишномаҳои моҳи сентябри соли 2021 имзошуда ба истилоҳ афв ё амнистияи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели қонуншиканиҳои хурду реза аз ҳаққи сафар ба қаламрави Русия маҳрум шуда буданд, гузаронда шуд. Дар ҷараёни он 120 ҳазор нафар мавриди афв қарор гирифтанд

Хабар додааст Егоров

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамаи ин 120 ҳазор нафар иҷозати сафар ба Русия дода шудааст ва шаҳрвандон метавонанд будан набудани исми худ дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия дар сомонаи сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия пеш аз азми сафар тафтиш кунанд.

Алексей Егоров гуфт, бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорати Русия маҳз пиромуни ҳамин масъала муроҷиат мекунанд.

Чанд сол пеш шумори шаҳрвандони тоҷике, уи ба рӯйхатҳои сиёҳи Русия афтодаЮ ба сабаби “запрет” ба он кишвар сафар карда наметавонистанд, аз 300 ҳазор нафар гузашта буд. МСолҳои охир мавҷи ихроҷҳо аз Русия зоҳиран камтар шуд, вале афви якбора 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик нишон медиҳад, ки шумори афроди таҳти “запрет” ҳамчунон хеле зиёд будааст.

Барои Тоҷикистон, ки як кишвари муҳоҷирфирист ва вобастаи пули муҳоҷиронаш аст ва рӯзгори аксари хонаводаҳо аз ҳисоби пули фиристодаи азизони муҳоҷирашон мечархад, таҳти “запрет” афтодан ва аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудани ҳар муҳоҷири тоҷик ба маънои аз як манбаи муҳими таъмини зиндагиаш маҳрум шудани дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аст.

Мо дар Telegram