Аловуддин Абдуллоев вафот кард.

Аловуддин Абдуллоев вафот кард.

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори маъруф Аловуддин Абдуллоев дар синни 57-солагӣ 17-феврал дар шаҳри Бохтар ногаҳон даргузашт. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби фавти ҳунарманди шинохта чӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, Савсан Шарифзода, муовини раҳбари Раёсати фарҳанги Хатлон гуфт, ки Аловиддин Абдуллоев тайи ду рӯзи ахир аз фишорбаландӣ шикоят дошт. «То шаб якҷо кор кардем, манро то истгоҳ дар мошинаш бурд, ҳолаш хуб буд», -гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аловуддин 15 майи соли 1965 таваллуд шудааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1989 фаъолияти меҳнатии худро дар Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз намуда, дар онҷо ба ҳайси актёр ва коргардон бомуваффақият кор кардааст ва солҳои охир роҳбарии театрро ба ӯҳда дошт.

Аловуддин Абдуллоев вафот кард.
Аловуддин Абдуллоев

Барномаи вижаи телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин» маъмул шудааст, ки дар он қаҳрамонҳои шӯхӣ аз зиндагии каси дигар гирифта шудаанд ва бештари муаллифон худашон буданд, ки якбора дар чанд нақш иштирок мекарданд.

Ба оила ва хешу табори Аловуддин Абдуллоев самимона таъзия баён мекунем. Худованд раҳмату мағфират кунад.

Мо дар Telegram