Алиҷони Айнӣ бори аввал дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ кард

Ниммуҳофизи 16-сола Алиҷони Айнӣ аввалин бор дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили тими миллии Муғулистон бозӣ кард. Бозӣ рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, бо ҳисоби калони 3 бар 0 ба фоидаи Тоҷикистон анҷом шуд.

Алиҷони Айнӣ дар дақиқаи 85-уми бозӣ ниммуҳофизатгар Парвизҷон Умарбоевро иваз намуд.

Алиҷони Айнӣ бори аввал дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ кард

Мо дар Telegram