Алексей Ларин – беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021

Легионери украинии “Истиқлол” Алексей Ларин, ки голи задаи ӯ дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (1:0) ғалабаро насиби дастаи пойтахт намуд, беҳтарин бозигари вохӯрии ниҳоӣ шинохта шуд.

Ёдрас мешавем, ки бозии ниҳоӣ бо ҳузури 5100 тамошобин, рӯзи 20-уми феврал, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гашт. Баъди ин ғалба “Истиқлол” ғолиби шашкаратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд. Қаблан, “Истиқлол” солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро болои сар бардошта буд.

Мо дар Telegram