Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон: чиптаҳоро аз меъёр қиммат нафурушед

Дар Душанбе ҷаласаи фаврӣ оид ба нархи чиптаҳои парвозҳо аз Душанбе ба Маскав баргузор шуд.

Директори Агентии авиатсияи Тоҷикистон дар ҷаласаи фаврӣ бо намояндагони Прокуратураи нақлиёт, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии алоқаи ҳавоии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ аз он кард, ки нархи чипта аз самти Душанбе ба Москва қимматтар аз нархи муҷарраршуда фурӯхта мешавад. Ба ҷойи 350 доллар чиптаҳо то 8, 10 ҳазор сомонӣ дастраси мардум гардид. 

Икром Субҳонзода ширкатҳои Сомон-эйр” ва “Ютэйр”-ро ҳушдор намуд, ки ба қиммат фурӯшӣ роҳ надиҳанд. Директори Агентии авиатсияи граждани ҳамчунин гуфт, ки фурӯши чиптаҳоро таҳти назорати шадид қарор медиҳанд.
 
Парвозҳо миёни ду кишвар аз тарафи ҳукумати Русия  кушода эълон шуда буданд ва ба зимаи ширкатҳои “Ютэйр” ва  “Сомон-эйр” гузошта шудааст. Нархи ниҳоии рафтуомад на зиёда аз 500 доллар муқаррар шудааст.

Мо дар Telegram