Афғонистон: ёрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва бозиҳои геополитикӣ

1048
(15-феврал-рӯзи баровардани Қушунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон)

Дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон тӯли зиёда аз 30-сол ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад ва мутаасифона афғонҳо ба мувофиқа нарасидаанд.Дар расонаҳои хабарӣ аксаран собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба ин масиоли печидаи Афғонистон гунаҳкор мешуморанд.Мо то дараҷае мекӯшем, ки ин масъаларо бозгӯи намоем.15-феврали соли 1989 баровардани Қушунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон, ки тобистони соли 1988 шӯрӯъ гардида буд анҷом ёфт.Режими Наҷибулло чанд соли дигар боқӣ монд ва бо таъсири хориҷа нобуд карда шуд,Дар Афғонистон ҷангӣ шаҳрвандӣ ва этнтикӣ то ҳоло ҳам идома дорад.Масъалаи Афғонистон масъалаи сирф геополитикӣ мебошад. Ин давоми он «Бозии бузург»-и геополитикии нимаи дуюми асри 19 мебошад, ки бозингарони асосии онвақтаи он Империяҳои Британияи кабир ва Россия буданд. Рақобатхои геополитикӣ барои ин сарзамини бой нимаи дуюми асри 19 байни Британияи Кабир ва Россияи подшоҳӣ авҷ гирифта буд, ки дар натиҷа ба ин сарзамин Россия соҳиб гашт, ки онро «Бозии бузурги геополитикӣ» ҳам меноманд. Масъалаи сарҳади он бо Афғонистон байни Британия ва Россия солҳои 1869-73 пайдо гашта, соли 1884 дар Марви Туркманистон задухурди афғонҳо бо ёрии Англия бо қушунҳои рус ба вуҷуд омад, ки 18-уми марти 1885 генерали рус Комаров ба онҳо муқобилият нишон дод ва дар мавзеи Кушкаи Туркманистон афғонҳо қафонишинӣ намуданд. Августи соли 1885 Протоколи тақсими сарҳад имзо шуд. Як сол муқаддам соли 1884 сафири Россия дар Лондон ба вазири корҳои хориҷии Британия нота дар бораи тақсими Помир фиристода буд. 29-уми август (10-уми сентябр) -и соли 1885 дар Лондон комиссияи дуҷонибаи Британия ва Россия Протоколи хати сарҳадро аз байни ду тарафи дарёи Панҷ имзо намуданд, ки минбаъд чун сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ бо Афғонистон шинохта шуд. Замони Шӯравӣ он сарҳади собиқ ИҶШС (СССР) ва Афғонистон ва ҳоло сарҳадҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин сарҳади ҷанубии ИДМ шинохта мешавад.Соли 1907 ҷанги Англия бо Россия дар Афғонистон ба он оварда расонид , ки Россия бунёди роҳи оҳанро ба накша гирифт, аммо бо сабаби оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-1918) он ҳамагӣ то 40 км роҳи Кушка-Торагунди сохта шуду нотамом монд. Соли 1957 баъди сафари шоҳи Афғонистон Зоҳиршоҳ (1933-1973) ба Иттиҳоди Шӯравӣ давоми сохтмони роҳ идома дода шуда мебоист, ки дар давоми 10-12 сол сохта мешуд, аммо соли 1970 муносибатҳои Шӯравӣ бо Покистон бад мешавад ва ин лоиҳа қатъ мегардад. Зоҳиршоҳ аз ин дар қаҳр омада, аз Хитой, гурӯҳҳои радикалии Покистон ва ҳатто аз ИМА мадад мепурсад.Инро мархилаи нави «Бозии бузург» дар Афғонистон номидан мумкин аст,ки ба майдон Хитой, Покистон , ИМА, Эрон, кишварҳои арабӣ ворид мегарданд, ки ин вазъияти Афғонистонро мураккаб менамояд.
Соли 1973 Иттиҳоди Шӯравӣ табаддулоти зидимонархии Муҳаммад Довудро дастгирӣ менамояд.Афғонистон боз ба мехвари Россия ва Иттиҳоди Шӯравӣ Шуравӣ мегузарад. Солҳои 1954-1978 Иттиҳоди Шӯравӣ ба Афғонистон то 1 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад, эпидемияҳоро аз ин кишвар берун карда инфрасохтори онро бунёд менамояд. Лӯлаи газ аз ҷониби Шӯравӣ дар Ӯзбекистон ва Туркманистон сохта шуд.Газ 53% буҷаи Афғонистонро пур карда, содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, саноати сабук ва металҳои қиматбаҳо ба Шуравӣ 50% ташкил медиҳанд. То нимаи дуюми солҳои 1970 60% корхонаҳои гуногун ва 70% инфрасохтори хоҷагии қишлоқи Афғонистон бо мадади Иттиҳоди Шуравӣ бунёд гардид. То солҳои 1930-1960 дар Афғонистон инфрасохтори иқтисодӣ маҷуд набуд.Баъди ворид кардани Қушунҳои Шӯравӣ ба Афғонистон 800 миллион доллар мадади молиявӣ расонида шуд,ки Афғонистон ҳамагӣ 10% онро пардохт намудааст.Дар давоми мавҷудияти Қушунҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ба ҷанги дохилӣ нигоҳ накарда, боз чӣ қадар объектҳои иловагӣ бунёд гашта, маориф ,тандурустӣ, фарҳанги он рушд намуд.
30-сол мешавад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун давлати унтитарӣ ва субъекти муносибатҳои байналмилалӣ арзи вуҷуд надорад.3-сол пеш аз барҳамхурии он Қушунҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон баромаданд, вале ҷанг дар Афғонистон идома дорад. Оё ба ин собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гунаҳкор аст?

Асламов Б.С.,
Самиъзода Б.С.

 

Мо дар Telegram