Адаб чароғи роҳнамост!

Бузургон адабро ҷавҳари ақлу хирад гуфтаанд. Инсон аз махлуқоти дигар бо ақлу хиради худ фарқ мекунад. Ба инсонҳо қабл аз ҳама аз рӯи тарзи сухан гуфтану ибрози назар намудан, яъне аз сатҳи муомилаи ӯ баҳо додан мумкин аст. Шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурӯтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад, зеро адаб ҳам ҳусни зоҳири ва ҳам ботинии шахсро нишон медиҳад. Аз ин рӯ чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша кардаанд мудом нур меборад. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш кардаанд. Бешубҳа ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамои зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медароранд. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад шодию нишот низ ҳукм меронад. Фарзандони солеҳа ба воя мерасанд. Нисбати ин хонадон шахсони дигар ба ҳавас менигаранд. Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одамро бунёд ва баракс оламу одамро вайрону валангор ва барбод метавон кард. Инсон аз махлуқоти дигар бо ақлу хиради худ фарқ мекунад. Воқеан, одоб, рафтору гуфтори нек маҳсули аклу хирад аст, аз ҷумлаи асоситарин хислатҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон барои инсонҳо муҳиму аввалиндараҷа ба шумор мерафтанду мераванд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст; «Луқмони ҳакимро пурсиданд:
-Адабро аз ки омӯхти?
Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам»
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ, ҷомеа моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нибати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисаро бо тарзуи одоб баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он, ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад. Пас месозад гӯем, ки шитофт, то ақлу заковатро бар ҷо кор фармуда, аз дирӯзу имрӯзи ҳаёт ибрат бигирем, вагарна фардо дар поёни умр хорӣ хоҳем кашид зеро умр равон асту саросар кӯлвори пурпандро мемонад:
Ғофил машав, з-умр, ки чун кишти дар об,
Истода менамояду чун тир меравад.
Аз калонсолон ва касони оқил ибрат гирен, то ҳангоми сахтиву дармондагӣ ва мушкилии рӯзгор мададгорамон гарданд, зеро ҳаёт саросар пур аз ноҷуриҳост. Барои рафъи ҳар масоили рӯзгор таҷрибаи бузург мебояд дошт.

Муаллими кафедраи тайёрии тактикӣ ва омодагии ҷисмонии МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Маҳмадиева Ш.Ш.
Муаллими калони кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия Саидшоҳи С.

Мо дар Telegram