Абдуқаҳҳори Қосим лауреати Ҷоизаи байналмилалии адабии “Ҷаҳони марзӣ” ва “Антуан де Сент-Экзюпери” дар соли 2021 гардид

10.03.21.4Ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим дар байни адибон, тарҷумонҳо, олимон ва рассомони маъруф, барои фаъолияти барҷастаи эҷодӣ лауреати Ҷоизаи байналмилалии адабии «Ҷаҳони марзӣ» ва “Антуан де Сент-Экзюпери” (Фаронса — Олмон) дар соли 2021 гардид.

Ин ҷоизаҳои ифтихорӣ ба адибони украинӣ ва хориҷӣ, олимон, тарҷумонҳо, рассомон ва шахсоне, ки дар рушди санъату адабиёти миллӣ саҳм гузоштаанд, дода мешавад.

Аз соли 2018, муассисони ин ҷоиза Академияи байналмилалии адабӣ ва бадеии Украина мебошанд, ки нависандагон, тарҷумонҳо ва олимони 60 кишвари дунёро муттаҳид месозад.

Дар соли 2021 ба ин ҷоизаҳои ифтихорӣ Абдукаҳхор Косим (Тоҷикистон), Сантош Кумар Похарел (Непал), Сабита Сатапати (Ҳиндустон), нависанда, ношир Борис Кригер (Канада), рассом Натали Хо (Фаронса, Париж) Алфазия Нурраҳмӣ (Индонезия) Абделваҳаб Аззавӣ (Сурия, Олмон), адабиётшинос Ал-Хузаа Умар (Ироқ), дабири кулли Ассотсиатсияи нависандагони Ҳиндустон, муаллифи зиёда аз 150 китоб Ашис Санял (Ҳиндустон, Бангладеш) барои корҳои барҷастаи эҷодӣ, сарфароз гардиданд.

10.03.21.5

 

Мо дар Telegram