Абдулазиз Комилов дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот барпо мекунад

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар доираи сафарҳои кории худ ба кишварҳои ҳамсоя ба Тоҷикистон низ меояд.

Вазир дар давоми аз 16 то 18 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯриҳо ба нақша гирифтааст.

Дар муддати вохуриҳо масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва коммуникатсияи нақлиётӣ барраси мешаванд.

Ба ғайр аз Душанбе Абдулазиз Комилов боз ба Қазоқистон ва Туркманистон низ сафар хоҳад кард.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо ҳайати Парламент, олимони соҳавӣ ва фарҳангӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.

Абдулазиз Комилов дар Душанбе бо Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот барпо мекунад

Баррасии масъалаи парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия дар нишасти матбуотии мақомотҳо

Мо дар Telegram