АҶИНА-КАЛТАК

АҶИНА-КАЛТАК

Ростӣ, ҳоло бачаҳои беодобу беахлоқ хеле зиёд шудаанд. Духтаронро бероҳа мекунанду боз «духтари нағз» — нест гуфта, шикоят мекунанд. Ҳоло, дар ҳақиқат ҳамсари хуб ёфтан хеле мушкил шудааст, аммо ҳастанд одамони хубу покдоман.

Ду хоҳар доштам. Хеле сахтгир будам,аз нигоҳам метарсиданд. Ба тарафи духтарони бегона нигоҳ намекардам, чун худам ҷаҳлам меомад, агар ба ба сӯйи хоҳарони ман назар кунанд. Ин хислатамро қариб ҳама бачаҳои деҳа медонист ва ягон бача «юрак» намекард, ки сӯйи хоҳаронам нигоҳ карда бошад, чун ман мисли хар аҷинакалтак мекардам.

Рӯзе ҳангоми бозгашти хоҳарам аз мактаб ба хона, роҳи хоҳарам як ҳайвонбача доштааст. Дӯстони зиёд дорам, ки хабараш то ба хона омадани хоҳарам расид. Интизори хоҳар будам, ба хона омода даромад, аммо ягон чиз нагуфт. Аз дуриҳо, аз пишташ ҳамон бача омад. Пурсидам, ки ту роҳи хоҳарамро гирифтӣ? Забон хоид. Гуфтам : «Рав либосҳоятро иваз кун, баъд ба кӯҳ баро, мардона гап мезанем.» Рафт…
Баъди 30 дақиқа ӯро ҷеғ задам, якто задам, ки манааш шикасту ду давр зада афтид ва хун чошид. Як тарафи дилам гуфт, ки то мурданаш зан! Як тарафи дил «Не бас аст, раҳм кун!»
«Эҳтиёт карда гард «-гуфтаму партофта рафтам.

Бачаҳое, ки аз ман калтак хӯрдаанд, хуб медонанд)) Ҳатто аз пишти духтарони ҳамсоя ҳам, баҳона карда, мезадам.
Одамро задан гуноҳ аст, аммо аз пишти нангу номус занед, савоб) Дӯстони азиз, як духтар хоҳ хоҳаратон мешавад, хоҳ шахси ношинос нангу номусашро эҳтиёт кунед.

Агар мард, мард шавад, зан, зан мешавад!

Муаллиф: Исмоилов Ҳабибаллоҳ

Мо дар Telegram