63 ҳазор Тоҷикистониён шаҳрвандии Русия гирифтанд

Тибқи омори пешниҳод намудаи Ваҳорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба шаҳрвандони хориҷӣ, дар соли 2020 беш аз 656,3 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ соҳиби паспортҳои русӣ гаштанд.

Коршиносон мегӯянд, ки дар 15 соли охир чунин воқеа рӯй надода буд. Дар соли 2005 ин теъдод ба 500 ҳазор расида буд.

Одатан шаҳрвандони кишварҳои пасошуравӣ бахусус Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Украина, БеларусАрманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Молдова шаҳрвандии ин кишварро мегиранд. Ва Тоҷикистон бошад тақрибан 10 дар сад ё беш аз 63 ҳазор аз ин шумораро ташкил медиҳад.

Аз сабабе, ки ҳукумати Русия сиёсати худро дар соҳаи ҷалби шаҳрвандон содда кардааст ва барои шахсони баландихтисос, аз фарҳангу забони русӣ бохабар ва шахсони дар ИҶШС таваллуд шуда имтиёзҳо додааст, ин гуна шаҳрвандон ба ин кишвар куч мебанданд.

Мо дар Telegram