6 ширкати Тоҷикистон дар намоиши «СНГ ЭКСПО»

Дар доираи кишварҳои аъзои ИДМ ҳамасола чорабиниҳои гуногун аз он ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ низ баргузор мешуд. «СНГ ЭКСПО» намоише мебошад, ки дар он кишварҳо маҳсулотҳои беҳтарини истеҳсоли кишварашонро ба намоиш мегузоранд. Имсол бошад, Тоҷикистонро дар ин онлайн-намоиш 6 ширкат ҶСК «САТН», ҶСП «Евро-Азия-2005», ҶСК «БИСОТ», ҶСК «НАСИМ», ҶСК «Корхонаи қаннодии АМИРИ», ҶСК «ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ» муарривӣ хоҳанд кард.

Намоиш санаи 11-12 март дар доираи форуми иқтисодии «ИДМ-30» бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Ин намоиш барои рушди фаъолияти корхонаҳои муаррифгар метавонад саҳм гузорад, зеро дар маҷмӯъ беш аз 100 корхона иштирок хоҳад кард.

Мо дар Telegram