6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Япония — давлате ҳаст, ки аз дигар Давлатҳо фарқи бениҳоят калоне дорад. Дар ин ҷо метавонед тарбузҳои чоркунҷа харед, дар меҳмонхонаҳо бошад шуморо роботҳо пешвоз мегиранд.

Дорухонаҳо низ дар Япония аз дигар давлатҳо фарқ мекунанд. Ногуфта намонад, ки дар Япония бештари доруҳоро бе дорухат аз духтур харидан намешавад, масалан шумо наметавонед ки доруеро барои аллергия харед, агар ба шумо духтур тавсия надода бошад.

Ниқоб барои гарм кардани чашм

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Агар шумо гӯшҳоятонро ҳамеша гарм кунед, пасон дар Япония чунин ниқобҳо ҳаст барои гарм кардани чашмон. Ба гуфти онҳо, ин ниқобҳо имконият медиҳанд, ки чашмон дам бигиранд ва асаб ором шавад пас аз рузи кори.

Клей барои ҷӯробҳо

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Қариб ба ҳар яки мо шинос аст, ки ҳангоми муддати дуру дароз пӯшидани ҷӯроб, онҳо кушод шуда аз пой фаромадан мегиранд. Японсҳо бошанд фикр карданд, ки вақти худро барои бардошта ва дуруст кардани ҷӯроб сарф накунанду онро бо махсус клей ба пой часпонанд.

Часпакҳо барои чашм

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Дар акси аввала қисми болои миҷа ҳамвор аст, дар акси дуввум бошад як рахе пайдо мешавад, ки ба гуфти Японсҳо чашми одамро хелоҳам зебо мекунад. Махсус барои ҳамин часпакҳоеро мефурӯшанд, ки дар болои чашм чунин иллюзияро нишон медиҳад.

Барои дастонро гарм кардан

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Чунин гармкунакҳоро аслаш дар фасли зимистон мефурӯшанд. Онро дар дохили дастпушак (перчатки) ва ё дар дохили кисаатон мегузоред, ва дар давоми 8 соат дастонатонро дар гарми нигоҳ медорад.

Намакҳо вобаста ба мавзӯъҳои гуногун барои ҳаммом

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Дар Япония «Аниме» бениҳоят машҳур аст. Дар дорухонаҳо Японсҳо метавонанд, ки махсус намакҳои барои ҳаммомро бигиранд, ки вобаста ба мавзӯи мултфилми «Аниме»-и дустдоштаашон бошад, бо бӯйи себ, ангур, тарбуз ва ғайраҳо.

Часпакҳо барои захмҳо дар дохили даҳон

6-чизи ғайриоддие, ки дар дорухонаҳои Япония мефурӯшанд

Агар дохили даҳонатон ба таври ғофил ярадор шавад ва ё захм хурад, пас дар дорухонаҳои Япония шумо метавонед, ки махсус часпакҳоеро дастрас намоед, ки онро кофи аст дар болои яраатон якбор часпонед. Ҳангоми ханда яраатон наметобад.

Мо дар Telegram