5 хислати духтари тоҷик, ки ба марди Рус писанд наомад

5 хислати духтари тоҷик, ки ба марди Рус писанд наомад

Як марди шиносам бо номи Алексей бо дугонаам Наргиз хонадор шуд. Онҳо дар шаҳри Магнитогорски Федератсияи Русия зиндагонӣ мекарданд. Мутаасифона зиндагиашон онқадар ҳам дур давом накард, пас аз 2 соли зиндагӣ онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд.

Боре бо Алексей дар як шабнишини вохӯрдем, аз сабабе, ки ман аслан мехостам сабаби ҷудо шуданашро донам, ба Алексей саволи худро рӯи рост додам. Дар ҷавоб ӯ ба ман 5 хислати асосиро, ки ба ӯ писанд набуданд, гуфт.

Аз забони Алексей

Бисёр духтарони тоҷик ин сифатҳоро доранд. Агар шумо занони дигари тоҷикро медонед, ки чунин нестанд, пас шумо хеле хушбахтед. Аслан, чӣ маро ранҷонд?

Якум, серталабии аз ҳад зиёд.

5 хислати духтари тоҷик, ки ба марди Рус писанд наомад

Талаб кардани либосҳои гаронбаҳо, ҷавоҳирот, гаҷетҳо аз мард дар хуни онҳо ҷой дорад. Яъне зани ҳамсоя ин дораду — мо надорем. Ҳангоме, ки кӯшиш мекардам ба ӯ фаҳмонам, ки мо ҳоло ба он имконият надорем, аммо ман ҳаракат мекунам дар оянда бигирем, ягон натиҷа намедоданд. Ӯ якрав буд, «бидеҳ ва тамом».

Дуввум, онҳо хеле рашкинанд.

Агар пештар ман фикр мекардам, ки духтарони рус аз ҳад зиёд рашк мекунанд, пас ҳоло мегӯям, ки ман он вақт бо духтарони тоҷик муносибате надоштам.

Саввум, ҳасад хӯрдан.

Хусусияти дигари духтарони тоҷик, ҳасад хӯрдан аст. Агар вай чизеро дар дасти дугонааш ё ягон каси дигар бинад, пас ӯ фавран ба он ниёз пайдо мекунад. Ӯ аслан ба ҳама чиз ҳасад мебурд.

Чаҳорум, дар бораи ҳама сухани бад мегуяд.

Ҳатто дар бораи дӯстонаш, дугонаҳояш ва хешу табораш, вай ҳамеша бад сухан меронд, гӯё онҳо чигуна одамони бахил, ганда ва беақл ҳастанд. Дар бораи ҳама чиз ҳамеша фикри бад мекард. Ин хеле дилгиркунанда буд.

Панҷум, дар ҳаёти ҳаррӯза чандон тозаву озода нест.

5 хислати духтари тоҷик, ки ба марди Рус писанд наомад
Хӯроки болаззат аз дасти тоҷикдухтар

Наргиз дар ҳақиқат ҳам хӯрокҳои болаззат мепухт, аммо намедонист, ки чӣ гуна бадани худро тоза нигоҳ дорад. Бештари духтарони тоҷик ба намуди зоҳирии худ онқадар ҳам аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, ба мисли духтарони рус.

Ҳамин тавр зиндагӣ ман бо зани тоҷик гузашт…

Мо дар Telegram