5 далеле, ки дар бораи Коронавирус мо бояд донем!

5 далеле, ки дар бораи Коронавирус мо бояд донем!

Дар асл Коронавирус — ин як оилаи калони аз вирусҳои гуногун, ки тақрибан 40 намуд ҳастанд иборат аст. Барои мисол вируси сарс-ков, ки онро соли 2002 ёфта буданд, мерс-ков бошад соли 2015, ва дар охир вируси 19-эн-ков, ки айни ҳол онро ҳамчун Коронавирус мову шумо медонем. Сараввал коронавирусҳо танҳо ба паррандаҳо таъсири худро мерасонданд, аммо чизе тағйир ёфт…

1. Барои чӣ Корона (тоҷ)?

Вирусро чунин ном гузоштанд аз он сабабе, ки вақте ҳангоми микроскоп онро мебини, махсус шохчаҳое дорад, ки ба Тоҷ монанд ҳастанд, ва ана ҳамин тоҷҳо дар организми одам сахт часпида ба зуди раҳо намедиҳанд. Дар интернет номи Коронавирус бештар паҳн шуд, аз номи аслии худаш дида 2019-nCov (эн-ков).

5 далеле, ки дар бораи Коронавирус мо бояд донем!
Коронавирус дар зери микроскоп

2. Аз ҳайвонот пайдо шуд

Дар аввал, вируси эн-ков танҳо дар ҳайвонот дида мешуд, аммо бо сабаби оне, ки баъзе одамон ҳамагуна хӯрокҳои чиркину ғаразнокро истеъмол мекунанд, ин вирус ба бадани одамизод ворид шуда ҷабрдидаҳои нави худро ба осони сар надод.

3. Аз бозор оғоз ёфт

Коронавирус дар яке аз бозорҳои калони Хитой, ки дар шаҳри Ухан қарор дорад бори аввал ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бозор бештар гӯшти ҳамагуна ҳайвонот фурӯхта мешавад, аз моҳи сар карда то намуди зиёди паррандаҳо.

4. Ман бемори Коронавирус ҳастам?

Бемор ҳастед ё ин ки тарси гирифтори шуданашро доред? Ин аз ҳама пеш аз саломатии аввалаи шумо вобаста аст. Статистика нишон медиҳад, ки асосан нафароне, ки имунитеташон бениҳоят суст аст ва ё пиронсолоне, ки ягонхел бемории вазнин доранд бештар ба ин бемори гирифтор мешаванд. Аз ҳамин сабаб онқадар ба тарсу воҳима дода нашавед, лекин албатта ба саломатии худ диққати ҷиддӣ бидиҳед.

Дилбеҳузурӣ, сулфа, табъи баланд — ин нишонаҳои ОРВИ ва бронхит аст. Аммо Коронавирус низ чунин нишонаҳоро дорад.

5. Чигуна худро муҳофизат кунем?

Дастонатонро бештар тоза нигоҳ доред, бо собун ва маҳлулҳои махсус бишуед. Аз одамоне, ки ақаллан як нишонаи бемориро доран худро дуртар нигоҳ доред. Рӯй ва асосан чашмонатонро бо дастони чиркин камтар бирасед, чун ки тавассути дастонатон микробҳо ба организми шумо нагузаранд. Хӯрокҳои гӯштиро хуб пазонед, меваҷотҳоро хуб тоза намуда пасон истеъмол кунед.

Боқи хонаободу тансиҳат бошед!

Мо дар Telegram