4 автомобил ва 100 ҳазор сомонӣ аз номи Рустами Эмомалӣ

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба иди Наврӯз гуштини миллӣ гузаронида мешавад. Тавре хабар доданд дар Федератсияи гуштини миллӣ аз тарафи ҳукумати шаҳр барои ғолибони гуштин 4 автомашинаи сабукрав (Тойота-Авалон», «Тайота Камри Солариа», 2 «Хюундай») ва 100 ҳазор сомонӣ шоҳҷоиза пешбини шудааст. Гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ин чорабинии варзишии Наврӯзӣ иштирок хоҳад кард.

Иштирокчиён бошанд аз тамоми шаҳру вилоятҳои кишвар  аз рӯи вазни 65, 75, 80, 90 ва аз 90 зиёд иштирок мекунанд ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва Федератсияи гуштини миллӣ мусобиқаро зери назорати худ мегиранд.

Хотиррасон мекунем, ки имсол таҷлили иди Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ маҳдуд карда шудааст ва ба мисли ҳарсола бо шукуҳу шаҳомат ва иштироки сарвари давлат таҷлил намешавад.

4 автомобил ва 100 ҳазор сомонӣ аз номи Рустами Эмомалӣ

Русия, Ӯзбекистон ва ИДМ ба таҷлили Навруз ба Душанбе меоянд

Мо дар Telegram