23 сол пеш. Суқути маргбори чархболи Ми-8 дар “Панҷи поён. Ҳалокати генерал-майор Берсенев

23 сол пеш. Суқути маргбори чархболи Ми-8 дар “Панҷи поён. Ҳалокати генерал-майор Берсенев

АНЗУРАТ НАЗАРЗОДА, рӯзноманигор,  ахиран дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 2-юми апрели соли ҷорӣ дар минтакаи Панчи поён чорабинии «Поси хотир» бахшида ба ёдбуди 18 нафар сарҳадчиёне, ки 23- сол қабл дар чархболи ҳарбии Ми-8 фавтида буданд баргузор гардид. Дар ин тадорукот,ки меҳмонони оликадр аз Федератсияи Русия,намояндагони КДАМ, намояндагони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон иштирок доштанд, 100 нафар хонандагони муассисаи таълимии рақами 34-и ноҳияи Ҷайҳун низ ширкат кард

ТАФСИЛОТИ ФОҶЕА

2-уми апрели соли 1999 дар минтақаи назорати сарҳадии “Панҷи поён” як чархболи Ми-8 мутааллиқ ба Гурӯҳи марзбонои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон сарнагун шуд.

Ҳангоми парвоз ин чархбол ба хати интиқоли қувваи барқ андармон шуд ва ба дарё сарозер рафт. Ин садама баъди 35 дақиқаи парвоз рух дод ва дар фоҷеа 18 хизматчии низомӣ ҷон бохтанд. Сардори ситоди гурӯҳ генерал-майор Михаил Берсенев, ҷонишини сардори гурӯҳ полковник Сокол, ҳамчунин сардори дастаи сарҳадии Панҷ полковник Усенко аз ҷумлаи қурбониёни ин суқути марговар буданд. 

Ба ҷустуҷӯи чархбол якбора чанд чархболи дигар аз отряди сарҳадбонӣ ва техникаи ҳарбӣ сафарбар шуданд. Тахминан баъди як соат онҳо баногоҳ думи чархболро дар миёни дарё диданд, ки бар асари расиши мавҷҳои пурхурӯш авлонҷ мехӯрд. Ба назар мерасид халабон аз саросемагӣ дигар чархболро натавонист идора кунад ва он ба сар ба қаъри дарё рафт.

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва барои берун овардани ҷасадҳо даст ба кор заданд. Ҷараёни Панҷ ва мавҷҳои пурхурӯши он монеъи роҳандозии корҳои наҷот мешуданд. Наҷотдиҳандагон ба хулоса расиданд, ки агар фавран амал накунанд, қуми дарё метавонад мурдаҳоро бипӯшонад ва худи чархбол боз ҳам бештар ба умқ фурӯ равад.

23 сол пеш. Суқути маргбори чархболи Ми-8 дар “Панҷи поён. Ҳалокати генерал-майор БерсеневАз хотираи яке аз собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати ҶТ, полковник Олег Пилкевич: “Барои ғаввосон дар оби дарёи Панҷ хеле мушкил буд, ҳаво торик буду шояд ду метр пешро наметавонистанд бубинанд. Мавҷи дарё шадид буд, ҷараён низ. Гузашта аз ин моҳи май ҳоло фасли гармӣ ҳам нарасидаву оби дарё хеле сард буд…”

Ва ба зудӣ боз рушантар шуд, ки кулли сарнишинони ин чархбол ҷон бохтаанд, чун ҳангоми бархӯрд ба зер захмҳои зиёд бардоштанд ва ёрои берун шудан аз дохили чархбол накарданд. Танҳо як марзбонро зинда ёфтанд ва чун захмҳои шадид бардошта буд, ба беморхона бурданд.

Гирдобму талотуми дарё корҳои наҷотро ба маротиб душвор мекард. Вале бо вуҷуди ин ба наҷотдиҳандагони Кумита муяссар шуд, ки ҳамаи онҳоро аз берун ва дохили чархбол ба соҳил оранд. 

Полковник Фирӯз Абдураззоқов чун шоҳиди он рӯзҳо ба “Независимая газета” дар бораи ҳадафи парвози чархбол гуфта буд: “Он замон, соли 1999, вазъ дар сарҳад мураккаб шуд. Хатари вуруди гурӯҳи Толибон, ки дар Афғонистон ҳокимият мекарданд, зиёд шуд. Охири моҳи март тасмим гирифта шуд, ки як парвози иктишофӣ дар имтидоди марзи Тоҷикистон бо Афғонистон анҷом дода шавад. Ва чархболи мансуб ба қувваҳои сарҳадии Русия дар Тоҷикистон барои иҷрои ин вазифа ба парвоз даромад. 35 дақиқа пас аз парвоз он суқут кард ва 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Обу ҳавои он рӯз ҳам барои парвози чархбол ва ҳам роҳандозии корҳои иктишофӣ муносиб буд. Вале аз қазо чархбол ба хати интиқоли барқ андармон шуда, сарозер гаштааст…”

Бино ба ахборе, ки ҳамон рӯзҳо мунташир шуда буд, дар ҷойи ҳодиса 18 ҷасад пайдо шуд, аммо на ҳамаи онҳо хизматчиёни ҳарбие буданд, ки дар парвози Ми-8 ҳузур доштанд. Ба ҷойи сержанти калон Григорий Савелёв, ки дар ин садама ҳалок шуда буд, ҷасади низомии умури иктишоф Сергей Елисеев, ки моҳи августи соли 1998 нопадид шуда буд, пайдо гашт. Мавҷи дарё тӯли ин муддат ҷасади ӯро ҳудудан 60 километр аз ҷойи ҳодиса дур бурда буд ва дар як хамгашт он дар қамишзоре дармондааст. Аммо ҷасади Сергей Елисеев дигар пайдо нашуд ва барои ҳамеша дар умқи Панҷ боқӣ монд. 

23 сол пеш. Суқути маргбори чархболи Ми-8 дар “Панҷи поён. Ҳалокати генерал-майор БерсеневРӯйхати қурбониёни суқути марговари Ми-8 дар таърихи 2 апрели соли 1999:

  1. Сардори Ситоди нерӯҳои сарҳадии ФР дар Тоҷикистон, генерал-майор Михаил Берсенев, с.т. 1953. Аз ӯ ду фарзанд ятим шуд.
  2. Ҷонишини сардори нерӯҳои сарҳадии ФР дар Тоҷикистон, полковник Владимир Сокол, с.т. 1958, соҳиби ду фарзанд буд.
  3. Фармондеҳи қисми ҳарбии 2066, полковник Сергей Усенко, с.т. 1958. Аз ӯ духтаре монд.
  4. Афсари калони ситод, капитан Сергей Сенчев, с.т. 1970.  
  5. Сардори эскадриляи чархболҳо майор Сергей Загорулко, с. т.1969, соҳиби ду фарзанд.
  6. Лейтенанти калон Александр Подплета, с.т.1974.
  7. Халабони калони чархболи Ми-8, лейтенанти калон Александр Семенов, с.т. 1973.
  8. Техники гурӯҳ, прапоршики калон Михаил Заплаткин, с.т.1960, ки соҳиби як духтар буд.
  9. Бортмеханик, прапоршик Александр Маснев, с.т.1971.
  10. Капитан Вячеслав Малишев, с.т.1972, соҳиби як писар.
  11. Сардори взвод, прапоршик Сергей Кауров, с.т.1973.
  12. Сардори шуъба, сержанти калони хидмати шартномавӣ Григорий Савелев, с.т.1973.
  13. Старшинаи хидмати шартномавӣ Амриддин Раҷабов, с.т.1976.
  14. Сержанти калони хидмати шартномавӣ Ислом Остонақулов, с.т.1966, соҳиби як писар.
  15. Сарбози қатории хидмати шартномавӣ Павел Клюкин, с.т.1971, соҳиби як духтар.
  16. Сержанти хурди хидмати шартномавӣ Раҳим Расулов, с.т.1974.
  17. Сарбози қатории хидмати шатномавӣ Эдуард Малков, с.т.1968, соҳиби як духтар.
  18. Сарбози қатории хидмати шартномавӣ Ҷамшед Ҳакимов, с.т. 1976.
барчасп: 
Мо дар Telegram