23-ФЕВРАЛ РУЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 28-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.

Баъди пош хурдани собик давлатхои Иттиҳоди Шуравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ , дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт.
Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои ҳарбие буд, ки кобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-хавой ва қушунҳои мудофиаи зиддиҳавой оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобики тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.
Давраи сеюми сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ пас аз имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Точикистон огоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва кушунхои дохилаи ВКД аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини гурухои харакатхои исломи тоҷик сохтори ташкилию штатӣ тағйир ёфт.
Айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва кушунхои дохилаи ВКД гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави Қувваҳои Мусаллаҳ ва кушунхои дохилаи ВКД қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавой ва мудофиаи зиддиҳавои мутаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллиӣ мо ба мушкилоти нарасидани кадрҳои ҳарбӣ ру ба ру шудем ва дар ин ҷода Федератсияи Россия ба мо дасти кумак дароз кард. Аз рузҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ва донишкадахои олии ин кишвар таълим мегиранд. Ҳоло дар макотиби гуногуни ҳарбии Россия шумораи зиеди мутахассисони точик аз вазорати мудофиа ва кушунхои дохилаи ВКД бахри мустахкам намудани савияи дониш ва малакаи чанги дарс меомузанд.
Инчунин дар бахши омузонидани мутахассисони ҳарбӣ ба мо Ҷумҳурии Хал қии Хитой Ҷумҳурии Ҳиндустон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Амрико ва дигар давлатхои ба мо дусту хамкор кумак менамоянд. Ҳамзамон дар Вазорати мудофиа ва кушунхои дохилаи ВКД усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарону сарбозон амалӣ мегардад. Дар назди ҳар як қисми ҳарбӣ марказхои таълими, майдончаҳои машқӣ амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии қушунҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машғулиятҳо мусоидат менамоянд.
Натиҷаи омӯзиш дар семинару курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси афсарону сарбозон ки ҳар сол дар дохил ва хориҷи кишвар барои такмили донишҳои назариявию амалӣ мегузаранд, қаноатбахшанд. Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ ва такмили таҷрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад.
Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.
Ба кисмҳои ҳарбӣ мудофиа ва кушунхои дохилаи ВКД ветеранҳои ҷангу меҳнат даъват ва бо афсарону сарбозон вохуриҳо ташкил карда мешаванд. Бахшида ба Рузи таъсисёбии Артиши миллӣ дар Вазорати мудофиа ва кушунхои дохилаи ВКД баҳри баланд бардоштани омодагии ҷанги ва тартибу интизоми қавӣ корҳои зиёде амали карда мешаванд.
Айни замон ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва кушунхои дохилаи ВКД ба ҳайати неруҳои ҳарбии сулҳҷуи байналмилалӣ шомил гашта омодаанд, ки дар ин ҳайати неруҳои ҳарбии сулҳҷуи байналмилалӣ фаъолият намоянд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчунин, таърихи беш аз 28-солаи Артиши миллии ҷумхурӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст.

1570Нозири калони маркази бакайдгири ва машваратии шуъбаи таълими

Академияи ВКД Чумхурии Точикистон, капитани милитсия Зоиров Ш.С.

Мо дар Telegram