23 ФЕВРАЛ- РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1562Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати кӯтоҳ таърихи ҷузъу томи он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунем. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои ифродгарои ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнатнорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошта истодаем. 

Таи 28 соли фаъолияти артиши миллӣ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромию осудаи кишвар табдил ёфта , барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи таъсиси қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи бузурги низомӣ, артиши қудратманди Тоҷикистони азизамон саҳми босазо гузоштаанд.
Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,
Қуллаҳоят сари болои ман аст.
Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону тан,
Намакат заҳр шавад дар баданам.

Корманд ронандаи қисми хоҷагии факултети № 4, милитсияи қаторӣ
Олимов Муҳаммадҷон

Мо дар Telegram