20 март — Рӯзи фарҳанг. Ба ифтихори ин рӯз барномаҳои гуногуни ҳунарӣ доир мегарданд

26.03.21Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2017 дар мамлакат  ҳар сол 20 март Рӯзи фарҳанг бидуни истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Инак аз таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ   чор сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат дар тамоми муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанги мамлакат барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунар ва қадрдонии фаъолони соҳа доир мегардад.

Ҳар миллат бо доштани таърих, тамаддун, фарҳанг ва сарзамини худ метавонад як давлати абарқудрат ва поянда ташкил намояд. Фарҳанг маҷмӯи арзишҳои моддию маънавие мебошад, ки инсоният онҳоро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахс истифода мебарад.

Фарҳанг дар ҳама замонҳо рисолати созандагии миллатҳову халқият ва рушду нумӯи онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои таърихӣ собит менамоянд, ки он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама гуна талошҳо комёб мебошанд.

Мояи ифтихор аст, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэъдимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида, ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ, муарриф ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Ҳамин фарҳанги пурғановати миллати тоҷик буд, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон ҷашни миллиамон- Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардид. Инак дар тамоми сайёра бо забони ноби тоҷикӣ мардум ба якдигар «Наврӯз муборак!» мегӯянд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии мамлакат дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардидаро мавриди корбарӣ қарор дода, дар баргузории ҳамаи ҷашнҳои давлатӣ ва барномаҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда гузошт.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти нави фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба истифода додани бинои нави Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ,  дар ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бо ҳазор ҷойи нишаст ва  дар маркази ноҳияи Восеъ Қасри фарҳанг иборат аз 350 ҷойи нишаст   бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва тамрини дастаҳои ҳунарӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд унсурҳои фарҳанги миллии халқи тоҷик ба Феҳристи умумиҷаҳонии репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Дар робита ба ин, номинаҳои ҷашни «Сада», матоъҳои миллии «Атласу адрас», «Кашидадӯзӣ», мусиқии «Фалак», сози миллии «Рубоб», ёдгории таърихии «Қалъаи Ҳулбук», маҷмааи меъмории «Кохи Наврӯз», номинаи муштараки «Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин» барои шомил намудан ба ин Феҳрист мавриди корбарӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор мутаносибан 70,6 фоиз-бостонӣ, 23,4 фоиз -меъморӣ ва 6 фоиз -монументалиро ташкил медиҳанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон иброз намуданд: «Тоҷикон фарҳанги бисёр ғанӣ ва таърихи басо пурифтихори бостонӣ доранд. Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардаем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчи бештар муаррифӣ намоем».

Айни замон чор барномаи соҳавӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ гардида истодаанд: «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳангиғайримоддӣ барои солҳои 2013-2020», «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020».

Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳо имсол  Душанбе — пойтахти фарҳангии ИДМ — 2021 эълон гардида, давоми сол боғшаҳри мо яке аз маконҳои асосии мулоқотҳои эҷодии ходимони фарҳанг ва санъати ИДМ хоҳад буд.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, амалӣ гардонидани сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро равона намудааст.

АМИТ «Ховар»

Мо дар Telegram