1,6 миллион ҷойи корӣ дар 8 соли охир дар Тоҷикистон бунёд гардидааст

Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода оиди вазъи бозори меҳнати ҷумҳурӣ дар мусоҳиба бо маҷалаи “Ҷумҳурият” шарҳ дод.

Ба гуфтаи вазир дар 8 соли  охир тибқи “Стратегияи Давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон” беш аз 1,6 миллион ҷойи корӣ бунёд гардидааст.

«Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 млн. ҷойҳои корӣ таъсис дода шудан, ки  451,3 ҳазор нафар бо кори доимӣ бо мусоидати Вазорати меҳнат дар соҳаҳои гуногун таъмин шуданд «, — мегуяд  вазир.

Ба ғайр аз таъмини кори доимӣ вазорат инчунин дар бахшҳои дигар курсҳои такмили ихтисос ва омузишӣ барои шаҳрвандони бе ихтисос ташкил шудааст ва то имрӯз тақрибан 157 ҳазор нафар соҳиби ихтисос гаштанд.

Инчуни Ширин Амонзода баъд аз сари вазифа омаданаш, бо мардикорзанони шаҳри Бохтар вохурда аз мушккилоти онҳо пурсон шуд. Дар натиҷа барои ин занон кумакҳои молӣ расонида онҳо ба курсҳои омузишӣ ва такмили ихтисос номнавис гаштанд. Кумакҳои пулӣ ба мардикорзанон аз ҳисоби вилояти Хатлон ва ташкилотҳои хайриявӣ пешниҳод шуд.

Мо дар Telegram